Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ба ватан баргашт

№107 (3253) 16.09.2014

бозгашт

Чордаҳуми сентябри соли 2014 Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе ба ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ва ҳамсари ӯ -бонуи аввали Хитой Пен Лиюанро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бонуи аввали Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимни мулоқоти кӯтоҳе, ки дар толори меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор шуд, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Сзинпин ба ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой бори дигар баҳои баланд доданд.

Тавре аён мегардад, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин, ҳамсари ӯ, бонуи аввали Хитой Пен Лиюан ва ҳайати расмию ҳамроҳи онҳо аз Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти фораму гуворо бармегарданд.

Дарвоқеъ боздиди нахустини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин аз Тоҷикистон басо пурмаҳсул шуд, зеро дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои дар ин сафар миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамшарики стратегӣ баимзорасида беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

www.president.tj