Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.
Он дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоияш парчами давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷик ва дар мобайни он навиштаҷоти «Душанбе 2021» ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтааст.
Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитойӣ ҷой ёфта, дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 20 – солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, истифода баранд.
www.president.tj