Соати 6-и пагоҳии 24 августи соли 2016 нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.
Бунёди роҳи оҳани мазкур, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 165 млн. сомониро дар бар мегирад, бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардида буд. Дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардид, ки дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад. Дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон, дар ин лоиҳа 8 кӯпрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид. Афзалияти иқтисодии лоиҳаи мазкур дар ин аст, ки роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 км-ро дар бар мегирифт, баъди бунёди нақбу кӯпрукҳо ин масофа 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 км-ро ташкил хоҳад дод.
Таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон мегардад, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт.
Мутобиқи нишондоди мутахассисон, самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад.
Сарвари давлат дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат — Ҳулбук бо дарозии 2 ҳазору 209 метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақ ҷиҳати баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст. Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои сохтмони 41 км роҳи оҳан дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ, аз ҷумла 359 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, 43 миллиону 602 ҳазор сомонӣ барои харидории техникаҳои муосиру муқтадир сарф шудааст. Омодасозии 41 километр таҳкурсии роҳ ва таҳкими қисми болои он, кандани 12 миллиону 374 ҳазор метрии мураббаъ хок, таркиш дар 4 миллиону 230 ҳазор метри мураббаъ ва бунёди 20 километр хатти неруи барқ, 110 адад қубури обгузар, 4 гузаргоҳ ва 2 бинои истгоҳи замонавӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, талаботи стандартҳои муосири роҳсозиву инфрасохторӣ риоя шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад. Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳим амалӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст. Сарвари давлат ҳангоми вохӯрӣ бо сокинон ва сохтмончиёни роҳи мазкур иброз дошт, ки «сохтмони роҳи оҳан дар шароити кӯҳистон хеле мушкил аст. Азбаски тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди ин роҳ қатъӣ буд, аз ин хотир ҳамаи душвориҳо паси сар шуданд. Ин роҳ идомаи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад».
Воқеан, роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб аз миёни талу теппаҳо, аз болои чандин дарёву рӯдхонаҳо ва дар се мавзеъ ба воситаи нақбҳо аз зери замин мегузарад. Пулу нақбҳоро дар ин масир дар давоми 1 сол Ширкати Идораи 19-уми роҳи оҳани Хитой ва ҶДММ «Муомилот» бунёд намудаанд. Дар сохтмони мазкур зиёда аз 23 корхонаи лоиҳакашию сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок кардаанд. Роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва гранти Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шудааст. Дар муддати сохтмони роҳ 552 нафар сохтмончӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аксарияти онҳо мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ мебошанд.
Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинон роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлобро туҳфаи арзандаи идона дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони вилояти Хатлон номида, таъкид дошт, ки бунёди роҳи мазкур ва дар маҷмӯъ тамоми корҳои созандагию бунёдкориҳо дар мамлакат самараи соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу ваҳдати пойдор аст.
Тавре Сарвари кишвар дар суханронии худ зикр кард: «Давлате, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону азнавсозӣ кардан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад. Маҳз ба ҳамин хотир, тӯли солҳои Истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд ва беш аз 200 километр хатти нави роҳи оҳан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд».
Инчунин, хатти нави роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот, балки рафтуомади мусофиронро ҳам осону арзон гардонида, самаранокии иқтисодии яксолаи он 46 миллион сомониро ташкил медиҳад ва хароҷоти сохтмонро дар зарфи даҳ сол мепӯшонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста будани инкишофи минбаъдаи ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба бунёди роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб таъкид намуда, иброз дошт, ки роҳи оҳан омили муҳими тараққиёти соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон боз даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, рушди босуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакат таъмин карда шавад.
www.president.tj