Ҳамойиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

№65 (3050) 01.06.2013

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Бегоҳии рӯзи 28 майи  соли 2013 дар шаҳри Бишкек ҳамойиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин ҳамойиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия ва Қазоқистону Қирғизистон ба ҳам омаданд.

Дар нишасти ғайрирасмӣ масоили вобаста ба рушди ҳамгиройӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мувофиқасозии тадбирҳои муштарак вобаста ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар дар соли 2014 зоҳир гардид.

Сарони давлатҳо омодагии худро ба мусоидат ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии манотиқи зери  масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор дошта, аз ҷумла дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таъкид доштанд.

www.prezident.tj