Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири Давлати Кувайт дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

23 июни соли 2013, Кувайт

 Бино ба даъвати Волоҳазрат Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ – Амири Давлати Кувайт Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 23-25 июни соли 2013 ба Давлати Кувайт сафари давлатӣ анҷом доданд.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо Волоҳазрат Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ – Амири Давлати Кувайт дидор ва гуфтушунид карданд. Дар ҷараёни гуфтушуниди Сарони давлатҳои ду кишвар, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд, мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ва ҳамчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ордени олии «Муборак Алкабир» супорид ва Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мукофоти олии Тоҷикистон – ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» супорид.

Ҳамчунин дар мулоқотҳои ҷудогонаи меҳмони олиқадр бо Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Сарвазир Шайх Ҷобир Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун табодули назар сурат гирифт.

Дар хотимаи гуфтушуниди расмӣ маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Кувайтии Рушди иқтисоди араб.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт бо таъкид бар аҳамияти муштаракоти ду кишвар ва назар ба имкониятҳои густурдаи мавҷуда бо такя ба иродаи мутақобила дар таҳкими робитаҳои бародарона ва тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ байни ду кишвар, мавзӯъҳои зайлро мавриди таъкид қарор доданд:

Густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак бар асоси усулҳои Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар таъкид менамоянд.

Рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷонибаро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ намуда, дар ин росто изҳор доштанд, ки дар ҷараёни ин боздиди давлатӣ ба имзо расидани як силсила санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата илова ба Созишнома дар бораи ҳимоя ва ташвиқи сармоягузории мутақобила, ки қаблан имзо шудааст, пояи ҳуқуқӣ-меъёрии ин робитаҳоро тақвият бахшида, барои сармоягузорӣ ва ҳамкории бештар шароити мусоид ва фазои созгор фароҳам хоҳанд овард.

Аз натиҷаҳои давраи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни ду кишвар, ки 23-24 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, истиқбол намуда, онро ҳамчун механизми фаъол барои назорат ва пайгирии татбиқи созишномаҳо ва ташхиси самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ҳамкории дуҷониба арзёбӣ мекунанд.

Аҳамияти давраи аввали Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайтро дар таҳкими робитаҳои мустақими бахши хусусии ду кишвар баланд арзёбӣ намуда, ба манзури густариши бештари ин робитаҳо таҳти сарпарастии сохторҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва палатаҳои савдо ва саноат зарурати таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони ду кишвар ва дар ин росто ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштаракро таъкид намуданд.

Аз саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабӣ дар маблағгузории як силсила лоиҳаҳои зерсохторӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда, хостори таҳкими минбаъдаи иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими ватанӣ шуданд.

Омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои тахассусии он, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Муколамаи Ҳамкории Осиё ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эълом дошта, бо табодули назари пайваста роҷеъ ба мавзуъҳои муҳим мавқеъҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг хоҳанд сохт. Дар ин росто, онҳо қарор карданд, ки мутақобилан номзадии Давлати Кувайтро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амният барои солҳои 2015-2017 ва номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсон барои солҳои 2015-2017 ва узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои солҳои 2017-2019 дастгирӣ кунанд.

Амалҳои террористӣ ва экстремизмро дар ҳама гуна шаклҳояш маҳкум карда, барои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба дар арсаи мубориза бо ин гуна падидаҳо талош меварзанд.

Пуштибонии худро аз талошҳои ҷомеаи байналмилал дар таъмини сулҳу суботи пойдор дар ҷаҳон, густариши ҳамкориҳо байни давлатҳо ва миллатҳо барои расидан ба аҳдофи рушди устувори ҳазорсола изҳор менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ, бахусус дар чорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё баланд арзёбӣ кард. Давлати Кувайт дар навбати худ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории созанда дар соҳаи об пуштибонӣ карда, иштироки фаъолонаи худро дар чорабиниҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Душанбе (20-21 августи соли 2013) таъкид намуд.

Дар ҳошияи боздиди давлатӣ дар ҳузури меҳмони олиқадр маросими ифтитоҳи бинои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт доир гардид.

Дар поёни сафар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни изҳори ташаккур аз пазиройии гарм ва меҳмоннавозии Давлати Кувайт, аз Волоҳазрат Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ – Амири Давлати Кувайт барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик даъват ба амал овард, ки ин даъват бо миннатдорӣ мавриди пазириш қарор гирифт. Муқаррар шуд, ки замони боздид бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг гардад.

Ин Баёнияи муштарак дар шаҳри Кувайт дар таърихи 23 июни соли 2013 ба таҳрир омад.

www.prezident.tj