Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
13 марти соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба бунёди боғи нав асос гузошта шуд, ки дар майдони беш аз 600 гектар доман паҳн хоҳад кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзеи васеи ноҳияи Хуросон, ки зиёда аз 20 сол бо сабаби аз кор мондани обкашҳои барқӣ аз истифодаи кишоварзӣ дур монда буданд, ташриф оварда, дар дили ҳазорон сокинони атрофи он шуълаи умедро ба вуҷуд овард.
Дар мавзеи оғози бунёди боғи нав боғдорону ниҳолпарварон ва масъулони бахшҳои дигари соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон намоишгоҳ оростанд. Дар ин ҷо навниҳолҳои дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва ороишию сояафкан, меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервашуда дар маърази тамошо гузошта шуда буд.
Тавре зикр гардид, солҳои охир нишондодҳои рушди боғутокпарварӣ ва зироаткорӣ дар вилояти Хатлон рӯй ба афзоиши босуръат доранд. Таъкид гардид, ки боғҳои анори шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Шаҳритузу Қубодиён бояд барқарор шуда, анорбоғҳои нав бо навъҳои содиротии он бунёд карда шаванд.
Дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин мавзеъ 285 сар гавазни бухорӣ зиндагӣ мекунанд ва шумораи мурғи даштӣ ва дигар парандагону ҳайвонот низ рӯй ба афзоиш овардааст.
Зимни суҳбат бо мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна, ривоҷ додани сабзавоткорӣ ва аз ин ҳисоб афзун кардани қудрати содиротии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дод. Таъкид гардид, ки боғу токзор бояд, асосан дар заминҳои бекорхобида, партов ва талу теппаҳо бунёд карда шавад.
Бунёди боғи нави 600-гектара бо шинондани нахустин ниҳолҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва пирони корозмудаи деҳқонию боғпарварӣ оғоз ёфт. Тавре зикр гардид, аллакай ҳамин сол дар майдони беш аз 150 гектар ниҳолҳои гуногун шинонда мешавад ва 300 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Дар сурати ба 600 гектар расидани майдони боғ дар он беш аз 1200 нафар соҳиби кор ва ризқу рӯзӣ хоҳанд шуд. Дар ин боғ, асосан навъҳои содиротии олу, зардолу, нок ва ангур шинонда мешаванд.
Мардуми деҳоти атрофи ин мавзеъ аз иқдоми бунёди ин боғ ва аз нав ободу зебо гардидани ин заминҳо басо шоду сипосгузоранд. Тавре зикр гардид, тайи беш аз 20 соли беобӣ қисмате аз аҳолии ин деҳот аз ин ҷо кӯч баста, ба дигар ҷойҳо ҳиҷрат кардаанд. Акнун, ки ин мавзеъ аз нав обод мешавад, тамоюли кӯч бастани мардуми атрофи он хотима меёбад ва баръакс, аҳолии он рӯ ба афзоиши бештар хоҳад овард.
www.president.tj