Боздид аз қисми ҳарбии танкӣ дар ноҳияи Данғара

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Дангара

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қисми ҳарбии танкии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он шинос шуд.

Дар ҳудуди қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити будубоши доимии ҳайати шахсӣ шинос шуда, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод. Ба хонаи махсус, ки барои истиқомати муваққатии сарбозони оиладор бо зану фарзандонашон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, зеро чунин манзилҳо бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ бунёд ёфта истодаанд. Сарбози оиладор метавонад завҷаашро даъват карда, муддати муайян дар ҳамин ҷо ҳамроҳ зиндагӣ кунад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ғайр аз ин, дастур дод, ки сарбозони оиладорро ҳар се-чор моҳ ба муддати даҳ рӯз рухсатӣ диҳанд.

Зимни боздид аз ҳудуди қисми низомӣ, ҳамчунин аён гардид, ки дар ин ҷо барои гузаронидани машғулиятҳои ҳамарӯзаи ҳарбӣ синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва ҳам таълимгоҳҳои тобистона дар зери айвонҳо омода шудаанд, ки ба талаботи иқлими маҳал мутобиқ мебошанд.

Хобгоҳҳои сарбозон дорои шароити хуби будубош буда, дар ошхона ҳам ҳама чиз барои омода кардани хӯрокҳои серғизо ва риояи талаботи санитарӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сафороии қисми низомӣ дар назди ҳайати шахсии он суханронӣ намуда, ба ташкили босифати машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии ҷангии қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Чунонки таъкид гардид, вазъи ноустувори ҳарбию сиёсӣ дар кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя ва фаъол гардидани неруҳои гуногуни террористию ифротгаро аз тамоми воҳидҳои низомӣ, дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот омодагии қавии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва тақвияти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Пас аз тамошои гузашти низомӣ ва қадамзании мутантани роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба омодагии афсарону сарбозон ва техникаи вазнини ҷангӣ ҳангоми эълони бонги хатар шинос шуд. Чунонки аён гардид, ин қисми ҳарбии танкӣ дорои шумораи зиёди танку дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ буда, ҳамаи он дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд. Маҳорату малакаи ҳарбии ҳайати шахсӣ бо истифода аз техникаи ҷангии зиреҳпӯш пайваста, зимни машғулиятҳои рӯзмарра ва машқҳои низомӣ, дар машқгоҳҳои васеи ҳарбӣ сайқал дода мешавад.

www.president.tj