Боздиди Сарвари давлат аз Шоҳигарии Таиланд оғоз ёфт

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

004

17 майи соли 2013 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд оғоз ёфт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти ин кишвар — шаҳри Бангкок Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Шоҳигарии Таиланд, вазири маорифи он Понгтэп Тэпканяна ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Шоҳигарии Таиланд дар нимҷазираи Ҳиндухитой, ҷанубу шарқи қитъаи Осиё қарор дошта, яке аз давлатҳои дорои таъриху фарҳанги куҳан ва иқтисоди пешрафтаи ин минтақа ба шумор меравад.

Тибқи барномаи сафар, пас аз чанд лаҳза мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра оғоз меёбад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Ӯқёнуси Ором дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони воломақоми ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

www.prezident.tj