27 майи соли 2013 зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев ба натиҷаҳои гуфтушуниди расмии дуҷониба ва дурнамои робитаҳои судбахши Тоҷикистону Қирғизистон баҳои баланд доданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки тибқи санадҳои имзошуда ва тавофуқоти зиёди ҳосилгардида, минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя беш аз пеш густариш ёфта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот низ хеле афзун мегардад.
Барои сабук намудани шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути қаламрави ду кишвари ҳамсоя заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуд.
www.prezident.tj