Идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Кувайт

№79 (3064) 27.06.2013

1048879_495312977205560_1398356221_o

Мулоқот бо Роҳбари Хазинаи Кувайт оид ба сармоягузорӣ Бадр ал-Саад

 Бегоҳии рӯзи 24 июни соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Хазинаи Кувайт оид ба сармоягузорӣ Бадр ал-Саадро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба дурнамои судбахши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла барои сармоягузории бисёр лоиҳаҳои зербинои энергетикию нақлиётӣ, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии ду кишвар ба таҳкими ҳамкории дарозмуддат таъкид гардид.

 

Мулоқот бо Роҳбари Девони Амири Кувайт Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

 Зимни мулоқот бо Роҳбари Девони Амири Кувайт Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ масоили татбиқи амалии санадҳои қаблан ва зимни ин сафар имзошуда баррасӣ шуд.

Роҳбари Девон чунин изҳор дошт: «Амири Давлати Кувайт ва кулли роҳбарияти кишвар ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон ва мардуми дорои таъриху фарҳанги пурғановати он ҳавасмандии беандоза доранд».

Изҳори итминон карда шуд, ки аз ин ба баъд дар таърихи муносиботи ду кишвар марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ оғоз меёбад.

 

Кувайт ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи нафт бо Тоҷикистон ҳавасманд аст

 Нимаи дуюми рӯзи 24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот бо Директори иҷроияи ширкати миллии нафти Давлати Кувайт Низор Муҳаммад ал-Адсонӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафт миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Низор Муҳаммад ал-Адсонӣ изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ба ташкили чунин ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судбахш таъкид доштанд.

 

Кувайт омода аст лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад

 Нимаи дуюми рӯзи 24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал-Бадрро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз ҷалбгардида 17 миллион доллараш саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб мебошад.

Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Абдулваҳҳоб ал-Бадр омодагии Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабро, аз ҷумла ба сармоягузории лоиҳаи навсозии нақби обпартои Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» ва сохтмони неругоҳҳои нави барқи обии «Шӯроб», «Нуробод-1», «Нуробод-2» ва дигар лоиҳаҳои зербинойӣ таъкид дошт.

Хотиррасон бояд намуд, ки маблағгузории аксари ин лоиҳаҳо ба тариқи грантӣ сурат хоҳад гирифт.

 

Иштироки Сарвари давлат дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт

 Дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар ин форум Сармушовири Девони Амир Абдулло ал-Маътук ва Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Холид Абдулло ас-Сақр иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «…бояд эътироф намуд, ки сатҳ ва мазмуни ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва раванди сармоягузорӣ ба имконоту ниёзҳои имрӯзӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар ҳанӯз ҷавобгӯй нест ва мо бояд сатҳ ва мазмуни сифатан нави ҳамкории дуҷонибаи гуногунсоҳаро эҷод намоем».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имконоти васею мусоиди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти рӯй ба рушди Тоҷикистонро бевосита муаррифӣ намуда, соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи кувайтиро ба роҳандозии робитаҳои судбахш бо кишвари мо ташвиқ намуд.

Аз соҳибкорони кувайтӣ даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон дастаҷамъона сафар карда, бо имконоту шароити ҳамкорӣ бевосита шинос шаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди шиносойии наздик бо табиати биҳиштосо ва имконоти фарохи ҳамкорӣ дар дили ҳар як соҳибкори кувайтӣ хоҳиши ба роҳ мондани робитаҳои судбахш бештар мегардад.

Дар охири қисмати ифтитоҳии форум миёни Палатаи савдо ва саноати Кувайт ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавофуқоти зиёди дигар миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил гардид. Тавре аён гардид, соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

 

Мулоқот бо Раиси Шӯрои машваратии ширкати MAI Resources International Абдурраҳмон ал-Авадҳи

 Субҳи рӯзи 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алкувайт Раиси Шӯрои машваратии ширкати муштараки кувайтию швейдсарии MAI Resources International Абдурраҳмон ал- Авадҳиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили гуногуни ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, мавзуъҳои вобаста ба таъмини Кувайт ва дигар кишварҳои халиҷӣ бо оби поки нӯшокӣ баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ин ширкат ба захираҳои фаровони оби ошомидании Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез таваҷҷуҳи хос дорад. Аз ин хотир, доир ба роҳҳои ба Кувайт дастрас намудани оби тоза аз Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

1009596_495372120532979_1827906558_o

Чор ҷилди тарҷумаи китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ муаррифӣ шуд

Маросими муаррифии ин китоби арзишманди таърихӣ шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор гардид.

Муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди ин китобро «рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб» номида, ба мутарҷимон ва ноширони он арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Сипас вазири иттилооти Давлати Кувайт, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал-Маътук сухан гуфта, дастраси мардуми арабзабон гардидани ин китоби пурмуҳтаворо рӯйдоди пурарзиш номид.

Муовини вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдулло ал-Фаллоҳ зимни суханронии худ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки тоҷикон қадимтарин мардуми муқими Осиёи Марказӣ буда, фарзандони фарзонаи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ ва исломӣ дар ин минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд.

Дар маросими муаррифии китоби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Кувайт Абдулҳодӣ ал-Аҷмӣ суханронӣ карда, нақши таърихии ин китобро басо баланд арзёбӣ кард.

www.prezident.tj