Ифтитоҳи корхонаи бузурги хишти пухта
Понздаҳуми августи соли 2014 дар шаҳраки «Шарора»-и ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги хишти пухта ба кор дароварда шуд, ки бо иқтидори лоиҳавиаш дар як сол беш аз 80 миллион дона хишти аълосифати М-75 истеҳсол мекунад.
Ин корхона бо саҳмгузории муштараки соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва шарикони хитойии ӯ бунёд ёфта, дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1,5 ҳазор то 5-6 ҳазор сомонӣ таъмин шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2013 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ 65 миллион дона хишти пухта истеҳсол шудааст. Ин корхона бошад, худаш танҳо метавонад беш аз 80 миллион дона хишти пухта дар як сол истеҳсол намуда, нархи онро қариб 50 фоиз арзон намояд. То ба кор даромадани ин корхона нархи як дона хишти пухта то ба 80-100 дирам баробар шуда будааст. Аз ин корхона ҳоло як дона хишт бо нархи 42 дирам фурӯхта мешавад. Ҳол он ки маҳсулоти ин корхона аз ҷиҳати сифат низ аз беҳтаринҳо аст.
Соҳибкор Абдулло Ҳасанов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки то соли оянда боз як корхонаи дигар бо ҳамин иқтидор бунёд намуда, нархи хишти пухтаро то ба 37 дирам поён мебарад. Дар сурати ба кор даромадани корхонаи дуюми ин соҳибкор ҳаҷми истеҳсоли хишти пухта дар Тоҷикистон қариб се баробар афзун мегардад, ки албатта, боиси коҳиш ёфтани нархи он мешавад.
Тавре зикр гардид, сирри асосии паст будани нархи хишти ин корхона дар истифодаи технологияи худкор, сарфи ками барқ, ангишт ва неруи кории инсон аст.
Абдулло Ҳасанов азм дорад, ки аз ҳисоби фоидаи софи корхона дар ноҳияи Ҳисор як мактаби замонавӣ барои 640 нафар хонанда бунёд намояд. Чунонки иттилоъ доданд, барои тармиму навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагии мактабҳои ноҳияи Ҳисор аз ин корхона хишти ройгон дода мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин корхона баҳои баланд дода, ташаббускории ин соҳибкори ба ору номуси ватанро ибратбахш арзёбӣ намуд.
Меҳмонхона ва Маркази муосири хизматрасонӣ ба кор даромад
Понздаҳуми августи соли 2014 дар деҳоти «Ҳисор» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи зебо ва Маркази хизматрасонии дорои шароити муосири ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов бунёд ёфтааст.
Меҳмонхонаи мазкур дорои 30 кати хоб буда, бо дигар шароити муосири дар он бунёдёфта ба дараҷаи 4-ситора баробар аст.
Гулгаштҳои атрофи меҳмонхона дорои ҳавзи шиноварии зебо бо оби ҳамеша покшаванда ва ҳарорати муътадил, шароити офтобдиҳии бадан, майдончаи варзишӣ, фаввораҳои рақсони рангоранг ва дигар ороишоти дилнишин мебошанд.
Рустам Саидов минбаъд азм дорад, ки майдони ин маркази зебои истироҳату фароғатро васеъ намуда, дар ҳудуди он бо боғу токзори намунавӣ, ҳавзи моҳипарварию моҳидорӣ, мамнуъгоҳи табиӣ, шикоргоҳ ва шароити муосир барои сайёҳони экологӣ муҳайё созад.
Шиносоӣ бо рафти барқарорсозии симои таърихии Қалъаи Ҳисор
Понздаҳуми августи соли 2014 зимни шиносоӣ бо рафти омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни барқарорсозии симои таърихии Қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуда, таъкид дошт, ки он яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад.
Тавре аён гардид, бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, қасри Мири Ҳисор, ҳавзи дохил, сарбозхона ва иншооти дорои аҳамияти таърихии он навсозӣ хоҳанд шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳо бояд бе расондани осеб ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом дода шаванд ва Қалъаи Ҳисор беш аз пештара сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро ба худ ҷалб намояд.
Мулоқот бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва роҳбарону фаъолони ноҳия
Нимаи дуюми рӯзи понздаҳуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар масъулини ҷумҳуриявию маҳаллиро шунида, зимни суханронии худ доир ба тезондани омодагӣ ба ин ҷашни фархунда, бо суръат ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмону таҷҳизи иншооти сершумори ҷашнӣ, ободу зебо намудани Ҳисори бостонӣ ва ба як шаҳри зебою муосир табдил додани маркази ин водии зархез супоришҳои мушаххас дод.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки 3000-солагии Ҳисор ба феҳристи санаҳои таърихиву фарҳангии Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст ва он бояд дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол гирифта шавад.
Дар навбати аввал ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохташаванда, аз ҷумла варзишгоҳ, Мактаби президентӣ, Кохи фарҳанг, осорхона, китобхона ва роҳҳои мошингард чораҳои мушаххас андешад.
Инчунин ба масъулини бунёди чойхонаи миллӣ ва Маркази савдои «Гипермаркет», ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд сохта шаванд, дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонро тезонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуд, ки доир ба таъмини иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016», аз ҷумла сохтмону навсозии иншооти ба нақша гирифташуда ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмону навсозии шаш иншооти пешбинишудаи соҳаи маориф чораҷӯйӣ намояд.
Зикр гардид, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор сохтмон ва барқарорсозии 223 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора тибқи қарори Ҳукумат 25 иншоот ва тибқи рӯйхати иншооте, ки баъди мулоқоти Президенти кишвар бо соҳибкорон ва роҳбарону фаъолони ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, 191 иншоот пешбинӣ гардидааст.
Тибқи маълумот аз 191 иншооти ҷашнӣ, ки бояд аз ҳисоби соҳибкорон сохта, ба истифода дода шавад, то имрӯз ҳамагӣ 6 иншоот ба истифода супорида шудааст ва дар 19 иншоот корҳои таҳқиқотиву лоиҳакашӣ идома доранд.
Оғози сохтмони 107 иншоот бо мушкилоти заминҷудокунӣ ва воридсозӣ ба нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҳисор рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин хотир, ба раиси ноҳия ва роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ҳар чӣ бештар вусъат дода, мушкилу монеаҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.
Ҳамзамон бо хушнудӣ таъкид гардид, ки аз ҷониби як қатор соҳибкорони маҳаллӣ берун аз нақша иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.
Ба Академияи илмҳои Тоҷикистон супориш дода шуд, ки омӯзиши археологӣ ва корҳои ҳафриётиро дар мавзеъҳои Қасри ҳоким, Қалъаи Ҳисор ва дигар ёдгориҳои таърихӣ суръат бахшад.
Муовини Сарвазир — Муродалӣ Алимардон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нурмаҳмад Ахмедов ва раиси ноҳия вазифадор шуданд, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон доир ба омодагии ҳамаҷонибаи иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла терминали мусофиркашонӣ, меҳмонхона, бозор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Бори дигар таъкид гардид, ки ҳар чӣ зудтар ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ба нақша гирифташуда, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ вазифаи ҷонии роҳбарону масъулони ноҳия ва соҳибкорон мебошад.
Супоришҳои дигар доир ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, таъмиру тармими ҳар як хонаву кӯча, тозаву озода нигоҳ доштан ва бо гулу дарахтҳои зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, вусъат додани корҳои таблиғотии вобаста ба ҷашни 3000 – солагии Ҳисор, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи баланди миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва ватандӯстиву созандагӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар сурати пурра иҷро шудани ҳамаи нақшаҳои омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ин ҷо беш аз 12 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони баору номуси ноҳия ва хусусан ба чор соҳибкори бонуфуз – Рустам Саидов, Ҷамшед Зиёев, Қурбонмурод Неъматов ва Абдулло Ҳасанов барои иштироки фаъол дар бунёди иншооти зиёди ҷашнӣ дар ноҳияи Ҳисор арзи сипосу қадрдонӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки иқдомоти онҳо намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони баору номуси кишвар мегардад.
Таъкид гардид, ки «ҳадафи асосии ҳар як ҷашну чорабинӣ ободу зебо гардонидани ин ё он гӯшаи диёрамон ва дар маҷмӯъ ободонии Ватанамон мебошад».
www.president.tj