28 октябри соли 2013 дар деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи навро мавриди истифода қарор дод, ки дорои 40 кати хоб аст.
Тавре зикр гардид, ин беморхона, ки дар майдони 1 гектар ҷойгир шудааст, бо харҷи 5 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Чунонки аён гардид, беморхона дорои шуъбаҳои физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, таваллудхона ва озмоишгоҳ мебошад. Дар шуъбаҳои мазкур дастгоҳҳои муосири гаронарзиш, аз қабили дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, нафасдиҳии сунъӣ, кардиограммаи барқӣ, бормошини дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидаанд. Беморхона ҳамчунин дорои дастгоҳи рентгени сайёр мебошад.
Ин беморхона барои хизматрасонӣ ба 60 ҳазор аҳолии деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ва «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ пешбинӣ шудааст. Дар ин беморхона 50 нафар табибону дигар кормандон ба мардум хизмат мерасонанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин беморхонаи навбунёд ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳадя намуд.
Мардуми деҳоти мазкур аз ифтитоҳи ин беморхона басо хушҳол гардида, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхорӣ арзи сипос карданд, зеро то ин вақт аҳолии ин деҳот, хусусан хонаводаҳои ниёзманд аз норасойии хизматрасонии тиббӣ танқисӣ мекашиданд.
28 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази тиҷорат ва хизматрасонии «Султони Кабир»-ро ифтитоҳ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре зикр гардид, бинои сеошёнаи Маркази тиҷорат ва хизматрасонии «Султони Кабир», ки дар он беш аз 4,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров дар майдони чор гектар бунёд ёфтааст.
Ин марказ аз ду толори бузурги варзишӣ барои хизматрасонӣ ба 1000 нафар варзишгарони бахшҳои гуногун дар як рӯз, чанд толори калони дӯзандагӣ бо зиёда аз 1000 ҷойи корӣ дар ду баст, толори дилхушии кӯдакон барои 500 нафар дар як вақт, толору дӯконҳо ва қаторҳою майдончаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо иборат аст.
Зимни шиносойӣ бо кори коргоҳи дӯзандагӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин ҷо 350 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Оянда шумораи онҳо бояд ба 1000 нафар расонда шавад. Ҳоло 25 нафар барои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд фиристода шудаанд, ки 350 сомонӣ стипендия мегиранд. Маоши дӯзандаҳо 600-700 сомонӣ ва аз коромӯзон 400 сомонӣ аст.
Дар толорҳои бузургу барҳавои варзишӣ, ки басо зебо сохта ва бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.
Толорҳои варзишӣ барои намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шудаанд. Тавре аён гардид, майдони махсус ё худ ринг барои муштзанӣ, каратэ ва дигар намудҳои муҳорибавии варзиш, ки дар ин ҷо мавҷуд аст, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад. Дар ин толорҳо дар як рӯз беш аз 1000 нафар варзишгарон машқу тамрин мекунанд.
Маркази дилхушии кӯдакон, ки бо дастгоҳҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст, дарозию паҳнояш 140 ба 18 метр ё худ масоҳаташ 2520 метри мураббаъ аст ва барои 500 нафар кӯдакон дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмону таҷҳизонидани Маркази тиҷорат ва хизматрасонии «Султони Кабир» ҳанӯз идома дорад ва то моҳи июли соли 2014 шумораи коргаронаш ба 4,5 ҳазор нафар мерасад. То имрӯз дар ин ҷо беш аз 1000 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Дар сохтмони ин иншоот то имрӯз 18 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва то охир наздики 30 миллион сомонӣ масраф мегардад.
Соҳибкори соҳибнуфузи маҳаллӣ Аваз Кабиров, ки ин иншооти муҳташамро бунёд намудааст, бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки боз якчанд иншооти дигар бунёд намояд. Аз ҷумла таъкид дошт, ки ояндаи наздик як меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия ва як варзишгоҳ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ бунёд менамояд.
Дар майдони васеи ошёнаи якуми Маркази тиҷорат ва хизматрасонии «Султони Кабир» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Восеъ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои асосӣ барои оянда муайяну мушаххас карда шуд.
Мужда расонда шуд, ки соли оянда дар маркази ноҳияи Восеъ бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони як варзишгоҳи бошукӯҳ оғоз хоҳад ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ташаббускори ноҳия, аз ҷумла Маҳмуд Ҳусейнов, Авазхон Кабиров ва дигарон барои дастгирии арзанда аз сиёсати бунёдкоронаю созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорони дигари соҳибнуфуз низ минбаъд дар ободонии сарзамини бобоӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия маҳфили пурсишу посух баргузор гардид. Зимни ин маҳфил низ барои ободонии бештари ноҳияи Восеъ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи мардум дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
КӮЛОБ
28 октябри соли 2013 боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб аз деҳаи Гулистони деҳоти «Зарбдор» оғоз ёфт.
Дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси сохтмони як мактаби замонавӣ гузошта шуд, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори зодаи ҳамин деҳа Комилҷон Каримов дар зарфи ду соли оянда сохта, ба мардуми ин деҳа ҳадя карда мешавад.
Аз шиносойӣ бо лоиҳаи бинои мактаб аён гардид, ки он сеошёна буда, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин мактаб бо тарҳу усулҳои замонавӣ бунёд ёфта, дорои тамоми шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳо, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ, толори барҳавои маҷлисӣ, ошхона, толори универсалии варзишӣ, майдони стандартии футбол, корти теннис ва ғайра хоҳад буд.
Мавриди зикри хос аст, ки то ҳоло ин деҳа танҳо як мактаби ибтидоӣ доштааст. Хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ҳар рӯз ду километр масофаро тай карда, ба мактаби деҳаи дигар мерафтаанд.
Зимни шиносойӣ бо фаъолияти ибратбахши аъзои хоҷагии деҳқонии «Cабз»-и шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 300 гектар замин буда, дар 185 гектар пахта, 50 гектар ғалладона, 2,5 гектар сабзавот кишт намудааст. Дар майдони 36 гектар боғи намунавии меваҳои содиротӣ бунёд намудаанд, ки дар миёни қаторҳои он низ пахта кишт шудааст.
Хоҷагӣ 420 аъзо дорад ва аксари онҳо деҳқонону боғпарварони моҳир мебошанд. Аз ҳар гектар заминҳои пахтаашон то имрӯз ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ғун доштаанд ва имкони ҷамъоварии беш аз ин ҳанӯз мавҷуд аст.
Роҳбари хоҷагӣ Нуралӣ Шарипов аз фоидаи зиёди корҳои кишоварзии хоҷагӣ изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки азм доранд барои кӯдакони аъзои худ ва мардуми деҳоти наздик як бинои зебои кӯдакистон бунёд намоянд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби боҳашамати Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 640 нафар хонандагони хушлаёқати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносойӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин мактаби замонавӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин иншооти муҳими таҳсилотӣ бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои баланди соҳаи маориф бунёд ёфтааст.
Дар ин бино барои тамоми фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, кимиё ва биология, омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон синфҳои махсуси муҷаҳҳаз омода гардидаанд. Ду синфхонаи компютерӣ дорои 50 компютер буда, синфхонаҳои забономӯзӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Толори маҷлисии мактаб дорои 608 ҷойи нишаст буда, дорои имкони баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам ҳаст.
Толори варзишии мактаб универсалӣ буда, 300 ҷойи нишаст дорад.
Ошхонаи мактаб барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, басо тозаю озода ва мутобиқ ба стандартҳои баланди беҳдоштӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар мактаби Президентӣ барои ҳамаи 640 нафар хонандаи он хобгоҳи зебою муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст, ки дорои тамоми шароити зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат мебошад.
Дар назди мактаб, ҳамчунин як бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохтааст, ки дар он 36 омӯзгор бо аҳли хонаводаашон бо манзили зист таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини дар ин мактаб муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, омӯзгорону хонандагонро ба омӯзиши амиқи илмҳои замона ҳидоят намуд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, беморхонаи мақомоти маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб дорои 25 кати хоб ва шароити хуби муоина, ташхис ва табобати беморон аст. Дармонгоҳи он барои қабули 150 нафар ниёзмандон дар як басти корӣ пешбинӣ шудааст. Ҳар ду қисмати ин муассисаи муосири тиббӣ бо харҷи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин биноҳо 32 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ин бино аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумораи зиёди собиқадорони ин соҳа кӯмаки яквақтаи моддӣ ва роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои машҳури кишвар тақдим карда шуд, ки туҳфаи арзанда дар арафаи солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.
Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи дараҷаи 5 ситора оғоз бахшид.
Ин меҳмонхона ҳам аз ҷиҳати баландӣ ва ҳам дараҷаи байналмилалии 5 ситора дар шаҳри Кӯлоб нахустин хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, ин меҳмонхона дорои 200 ҷойи хоб буда, бо харҷи 8,2 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадсодиқ Кулулов дар зарфи ду соли оянда, яъне то ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёд ёфта, ба як гӯшаи шаҳри Кӯлоб симою зебои тоза зам менамояд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи корвонгузари шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои дуошёнаи корхонаи дӯзандагиро мавриди истифода қарор дод.
Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бобохон Қурбонов бунёд ёфтааст ва дар он беш аз 50 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Чунонки аён гардид, корхона дорои ошхона ва дигар шароити муосири маишӣ мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соҳибкор Бобохон Қурбонов ҳамроҳи бародаронаш пеш аз ин ҳам чанд иншоот бунёд намудааст ва оянда низ дар ободонии шаҳри Кӯлоби бостонӣ азми устувори иштирок кардан дорад.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи муосири орд ба кор дароварда шуд, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бо ҷалби технологияи навтарин аз Ҷумҳурии Туркия бунёд ёфтааст.
Дар ин корхона ҳар шабонарӯз 90 тонна орди хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва оянда шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам афзун мешавад, зеро дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва дигар коргоҳҳо низ бунёд хоҳанд ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Далер»-и шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, як корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушкро расман ба кор даровард.
Тавре зикр гардид, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳотам Саидов дар ҳамкорӣ бо шариконаш аз ширкати «Исфара Фуд»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд бунёд ёфта, алҳол нахустин чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Бо иқтидори кунунияш дар ин корхона имкони коркарди 3 ҳазор тонна меваи хушк дар як сол мавҷуд аст. Бо технологияи муосире, ки дар ин ҷо насб гардидааст, меваи хушк тоза, шуста ва хушк карда шуда, дар бастаҳои зебои бозоргир бастубанд мешавад.
Ҳоло дар ин ҷо 35 нафар бо кор таъмин гардидаанд ва оянда бо зиёд шудани иқтидори корхона шумораи коргарон ба наздики 100 нафар расонда хоҳад шуд.
Як қисми коргарони ин корхона занони маъюб мебошанд, ки бо нияти дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Бегоҳии рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи олиму мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо ҳайати ҳамроҳи худ ба рӯҳи поки ин бузургмард ва ба хотири таъмини ободию шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз дуою фотиҳа карданд.
Субҳи 29 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Саричашмаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ташриф оварда, мактаби нави замонавии онро ифтитоҳ намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба либоси ягонаи мактабӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки бояд роҳбарияти мактабҳо бо корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ робитаи мустаҳкам ва мутақобилан судманд дошта бошанд.
Тавре зикр гардид, мактаби пешинаи ин деҳа ҳанӯз солҳои 50 -уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.
Мактаби нави деҳа бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳоли ногувори мактаби куҳна тавассути барномаҳои телевизиони тоҷик огоҳ гардида буд, дар зарфи як соли охир бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ сохта ва бо ашёву таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Мактаббачагони ин деҳа шодию фараҳи беандозаи худро бо шеъру сурудҳои дилнишин арза доштанд. Аз ҷумла суруди аллаи хонандаи синфи 10-и мактаб Дилноза Аҳмадова бо ҳамсадоии дутор аз гурӯҳи духтарони дуторнавоз дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин лаҳза ва ҳунари волои ин духтари деҳотӣ ҳаловат бурда, ба масъулин дастур дод, ки ӯро барои шомил шудан ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон омода созанд, то оянда ҳунари худро сайқал дода, ба Ватан хизмат кунад.
Тавре аён гардид, бинои мактаб якошёна буда, барои 840 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар синфи муҷаҳҳази таърих, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаҳои гуногуни ноҳияи Восеъ дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон бозмондаҳои чандин шаҳру шаҳристонҳои қадимӣ пайдо гардидааст, ки баъзеи онҳо таърихи беш аз панҷ ҳазорсола доранд.
Дар тарабхонаи боғи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъона иштирок намуд.
Дар ин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 10 ҷуфти ҷавони навхонадор ва 150 кӯдаки хатнашаванда кӯмаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аз кӯмаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин 328 нафар кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи ҳафт шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бархӯрдор гардиданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 октябри соли 2013 дар кӯчаи Шоҳини шаҳри Кӯлоб як меҳмонхонаи муосир ва қасри бошукӯҳи варзишӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ оғоз бахшида шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи муосири чорошёнаи дорои 50 ҷойи хобро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми он мағозаи супермаркет ва ошхона ҷой гирифтааст.
Дар се ошёнаи дигар утоқҳои хоб мавҷуданд, ки барои 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Дар ин бино, ки бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар миёни меҳмонхона ва қасри бошукӯҳи варзишӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопӯшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида шуд. Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар ба кори доимӣ ҷалб мегарданд. Дарозию паҳнои ҳавзи асосии шиноварии ин бино 50х16 метр хоҳад буд, ки ба стандартҳои ҷаҳонии ин соҳа мутобиқ мебошад.
Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ қасри бошукӯҳи варзиширо ифтитоҳ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре зикр гардид, ин қаср бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дорои толори асосӣ бо 3,5 ҳазор ҷойи нишаст, толорҳои хурди обутоби бадан (алоҳида барои занон ва мардон), толори теннису бозиҳои мухталифи рӯйимизӣ ва дигар толору утоқҳо мебошад.
Дар ин иншооти зебои варзишӣ беш аз 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар маҷмӯъ дар меҳмонхона, қасри шиноварӣ ва қасри варзиш, ки ҳар се бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Хадамоти алоқаи кишвар ва дигар муассисаҳои ин соҳа бунёд ёфтааст, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳазорон нафар сокинону меҳмонони Кӯлобшаҳри бостонӣ аз онҳо баҳра мебаранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори калони қасри варзишӣ бо роҳбарияту фаъолон ва масъулону намояндагони сершумори соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ, ки солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла бо иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯсти дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолиятдошта ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамаи саҳмгузорони ин раванди ибратбахш арзи сипос намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастовардҳои тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилу монеаҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботу бонизоми минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят, аз ҷумла минтақаи Кӯлоби он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Бегоҳии рӯзи 29 августи соли 2013 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми бешумори Кӯлобшаҳри бостонӣ, ки ба ин муносибат ҷамъ омаданд, суханронӣ намуд.
Бо ёдоварӣ аз таърихи шуҳратманди бостонӣ ва муосири шаҳри Кӯлоб, саҳми мардуми ғаюру ватандӯсти ин мулки файзбор дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ваҳдати миллии кишвар ва ҳамчунин аз раванди ибратбахши ободонию созандагии имрӯзааш изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ нақши фарзандони фарзонаи ин куҳандиёр дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз намоён ва арзандаи таҳсину қадрдонӣ хоҳад буд.
Бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ, ки бо иштироки устодони санъати кишвар ва ҷавонону наврасони ояндадори ҷодаи санъат ҷараён гирифт, ин варзишгоҳи бузург ба як базмгоҳи бошукӯҳи идона ва тантанаи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, рушду нумуъ ва пешрафту шукуфойи Тоҷикистони азиз табдил ёфт.
www.president.tj