Идомаи сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

№75-76 (3060-3061) 21.06.2013

IMG_1167

Боздид аз ноҳияи Ғончӣ

18 июни соли 2013 сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ғончӣ идома ёфт.

Дар ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст қисмати дуюми маркази хизматрасонӣ ва тиҷоратии «Файз» ифтитоҳ ёфт.

Зимни шиносойӣ бо ин марказ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки сохтмони он соли 2009 аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Сабоҳат Файзуллоева оғоз ёфта буд.

Қисмати якуми он, ки аз шифохона бо 34 кат, чойхонаи дорои 36 ҷойи нишаст, ҳаммом, нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, нуқтаи фурӯши гази моеъ, масолеҳи сохтмонӣ ва ангиштсанг иборат аст, соли 2012 ба кор даромадааст.

Қисмати дуюми маркази «Файз», ки имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, аз толорҳои фурӯши маҳсулоти гуногун, толори фароғату дилхушии кӯдакон, толори варзишӣ, тӯйхона ва мағозаи фурӯши китобу матбуоти даврӣ иборат аст. Дар толори калони ошёнаи аввал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 25 нафар ятимони ноҳияи Ғончӣ, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Тавре аён гардид, толори варзишӣ, аз ҷумла утоқи фитнеси он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Мавриди зикри хос аст, ки тамоми асбобу олоти варзишӣ ва обутоби бадан аз ҷониби як ҷавони бистсолаи маҳаллӣ Саддам Ҳомидов бо истифода аз оҳану оҳанпораҳои партовгоҳҳо сохта шудааст. Тавре маълум шуд, ин ҷавон, ки худ кафшергар ва ҳам дӯстдори варзиш аст, аввал чунин асбобро барои худаш сохтааст. Имрӯз бошад, шумораи зиёди дигар соҳибкорон сохтани асбоби варзишӣ ва тарбияи ҷисмониро аз Саддам Ҳомидов дархост мекунанд.

Дар тӯйхонаи марказ аз ҷониби ин соҳибкорони саховатпешаи маҳаллӣ дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии ду ҷуфти ҷавон ва хатнасури 20 писарча дастаҷамъона гузаронида шуд. Ба ҳар яки онҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Зимни боздид аз қисмати ташхису табобати марказ, аз ҷумла аён гардид, ки он бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва табибони соҳибтаҷриба таъмин мебошад. Хизматрасонии тиббӣ дар ин ҷо, албатта, ба таври тиҷоратӣ-пулакӣ аст, вале ба кӯдакони то сесола ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ройгон хизмат расонида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳи дӯзандагии марказ ҳам дидан карда, пешниҳод намуд, ки чунин коргоҳҳо зиёд карда шаванд, ки тамоми либоси мактабӣ, либосҳои корӣ ва дигар либосворӣ оянда дар дохили кишвар дӯхта шавад.

Чунонки иттилоъ доданд, сохтмони қисматҳои дигари ин марказ идома меёбад ва тибқи нақшаи умумӣ он аз 19 бахш иборат хоҳад буд. Дар сурати пурра ба кор даромадан дар ин марказ наздики 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо наздики 250 нафар соҳиби кор шудаанд. Бояд таъкид дошт, ки атрофи биноҳои маркази хизматрасонӣ ҳам бо тарҳу намои зебою дилкаш ороста гардидааст.

Дар маркази ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мумфаршкунии роҳҳои дохилии он оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, панҷ километр роҳҳои нуҳ кӯчаи маркази ноҳия дар муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ хоҳанд шуд.

Хотиррасон гардид, ки тайи якчанд соли охир аз 198 км роҳҳои аҳамияти маҳаллии Ғончӣ 148 километраш бо имкониятҳои ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ноҳия бо ҷаҳду талоши роҳбарияти кишвар пурра навсозӣ шуд, роҳҳои маҳаллӣ бошад, бояд бо имконоти маҳаллӣ аз нав обод шаванд.

Роҳбарияти ноҳия посух доданд, ки дар муддати кӯтоҳ оянда 20 километр роҳҳои боқимондаи маҳаллӣ низ навсозӣ хоҳанд шуд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Ороста» бевосита шинос шуд. Тавре зикр гардид, ин корхона соли 2005 аз ҷониби ширкати «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан харидорӣ шуда, бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нав дар он фаъолияти ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯхти либос роҳандозӣ гардидааст.

Тавре таъкид гардид, ашёи хоми дар ин ҷо коркардшаванда сад дар сад ватанӣ аст. Бо иқтидори ҳозирааш ин корхона дар як сол аз 100 тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳойӣ истеҳсол менамояд. Ҳоло дар ин ҷо 40 нафар соҳиби кори доимӣ мебошанд. Роҳбарияти корхона азм дорад, корро оянда дар се баст ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсол ва шумораи коргаронро се баробар афзун намояд.

Тавре аён гардид, дар коргоҳи дӯзандагии он, асосан дӯхти либоси кӯдакона, ки харидорони зиёд дорад, ба роҳ монда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки дӯхти дигар анвои либосворӣ, пеш аз ҳама либоси мактабӣ ҳам, ба роҳ монда шавад, то ки минбаъд бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гардад.

IMG_1439

Ташрифи

корӣ ба ноҳияи Ашт

 Аз ноҳияи Ғончӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф овард.

Бо иштироки Сарвари давлат нахуст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт маҷмааи варзишии замонавӣ бо шароити муосири машқу тамрин аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва бо 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон ифтитоҳ ёфт.

Чуноне иттилоъ доданд, бинои дуошёнаи маҷмааи варзишӣ бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои толорҳо барои бозиҳои волейбол, баскетбол, бокс, гӯштигирӣ ва фитнес-клуб мебошад.

Инчунин маҷмаа дорои утоқҳои корӣ, утоқҳо барои ивази сару либос, панҷ ҷойи шустушӯй барои писарон ва панҷ ҷой барои духтарон ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва варзишгарони ноҳия суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Онҳо ба Роҳбари давлат қавл доданд, ки бо истифода аз чунин шароити хуби муҳайёгардида барои расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Дар яке аз толорҳои маҷмааи варзишӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар рӯ ба рӯйи бинои маҷмаа майдончаи варзиши сабук ва ҳавзи шиноварӣ низ мавҷуд буда, атрофи онҳо бо тарҳи муосир зебою ороста гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи ноҳияи Ашт 100 компютер туҳфа намуд ва бо ҳамин нишондодҳои барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои ноҳия қариб 100 фоиз иҷро шуд.

Дар маркази ноҳияи Ашт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мумфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо маблағгузории буҷетӣ панҷ километр роҳҳои шаҳрак дар муддати кӯтоҳ бояд навсозӣ шаванд. Оянда ду километри дигари роҳҳои маркази ноҳия бо маблағҳои худии ҳамин ширкати роҳсоз ва панҷ километри боқимонда бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ навсозӣ мешавад. Бо ҳамин навсозии роҳҳои маркази ноҳия пурра анҷом меёбад.

Чуноне зикр гардид, имрӯзҳо қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои фарсудаи мошингард васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонии Амири Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти иншооти захира ва бандубасти меваи тару тоза ва хушк барои содирот, ки бо номи «Зардолу ва компания» маъруф гардидааст, шинос шуд.

Иншооти «Зардолу ва компания» соли 2012 бо харҷи 645 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳашт хоҷагии деҳқонии боғпарвари ноҳия ва 30 фоиз маблағҳои шарикони хориҷӣ сохта шуда, ба кор даромадааст.

Ин иншоот аз чор қисмат иборат буда, масоҳати умумиаш 675 метри мураббаъ аст. Қисмати якуми он барои қабули мева, қисмати дуюм барои навъҷудокунӣ, поксозӣ ва банду басти он барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор кардан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон пешбинӣ шудааст.

Иншоот дар як шабонарӯз метавонад то 50 тонна меваи тару тозаро қабул ва ба содирот омода намояд. Дар сардхонаҳои иншоот то 200 тонна мева дар як вақт дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Соли гузашта аз корхонаи «Зардолу ва компания» 600 тонна меваи тар ва 70 тонна меваи хушк ба фурӯш рафтааст. Имсол бошад, то имрӯз аллакай 750 тонна меваи тар содирот шуда, то охири мавсим имкон ҳаст, ки ин нишондод ба якуним ҳазор тонна расонида шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсол, коркард ва содироти меваи тару хушк аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда бояд васеъ истифода карда шавад, зеро аз ин ҳисоб афзун намудани иқтидори содиротии кишвар имконпазир аст.

Хоҷагии деҳқонии «Амир», ки иншооти мазкур дар ҳудуди он қарор дорад, дорои 40 гектар боғи зардолуи ҳосилдеҳ буда, дар он 12 нафар саҳмдорон кор мекунанд. Ба иттилои роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Пӯлод Ашӯров, дар ин иншоот коркард ва ба содирот омодасозии меваи тару тоза 55 нафар бо кор таъмин мебошад.

Роҳбарияти корхона азм дорад, ки минбаъд боз як сардхонаи бузург бунёд карда, содироти мева ва шумораи коргаронро афзун намояд.

Дар саҳни ин иншоот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин шоҳиди намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва коркардшуда гардид, ки ҳама маҳсули заҳмати аҳли хоҷагии «Амир» ва ин иншооти коркарди мева мебошад.

 

Шиносойӣ бо рафти сохтмони

нахустин кӯдакистони президентӣ

Субҳи рӯзи 19 июни соли 2013 боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Тавре аён гардид, кӯчаю хиёбонҳои ин шаҳри бостонӣ ба истиқболи солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон идона ороста шуда, корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла дар панҷ моҳи соли равон 35 иншооти нав ба кор даромада, дар онҳо якуним ҳазор нафар соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Тибқи нақша, то охири сол шумораи иншооти нав ба 70 адад ва ҷойҳои нави корӣ бояд ба се ҳазор расонида шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо рафти сохтмон ва таҷҳизи нахустин кӯдакистони президентӣ, ки дорои навовариҳои зиёди замони муосир хоҳад буд, шинос шуд. Тавре иттилоъ доданд, сохтмони ин кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд охирҳои моҳи феврали соли 2013 оғоз ёфта, то 1 июн аз 16 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии барои ин кор пешбинишуда 5,7 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ харҷ шудааст.

Дар бинои асосии кӯдакистони президентӣ ҳавзи шиноварии кӯдакона, толори машқи мусиқӣ ва ҳуҷраи компютерӣ пешбинӣ шуда, биноҳои дигар низ аз шароити хуби замонавӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Дар ҳудуди ин кӯдакистон 16 майдони бозию шавқмандсозии кӯдакон, як майдончаи варзишӣ ва як майдон барои омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа, бо панҷ бинои дуошёна барои 640 нафар кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо бо истифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонида шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони кӯдакистони мазкур то 1-уми ноябри соли 2013 анҷом ёбад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки дар болои бомҳои биноҳо панелҳои офтобӣ барои таъмини мустақил бо неруи барқ гузошта шаванд. Таъкид гардид, ки биноҳои кӯдакистони президентӣ бояд дорои навтарин шабакаҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити беҳтарини гигиению санитарӣ бошанд.

Ҳоло дар иншооти мазкур беш аз 300 нафар бинокорон бо кор ва маоши баланд таъмин гардида, корҳои сохтмону васлгариро бо суръат ва сифати хуб идома медиҳанд.

 

Иштирок дар

маросими ифтитоҳи корхонаи нав

 Дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминии ширкати «Офарин Алюминиум» иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, «Офарин Алюминиум» ширкати муштараки тоҷикию туркӣ буда, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои солҳои 2007-2015 таъсис ёфтааст.

Корхонаи профилҳои аюминийи ин ширкат барои истеҳсоли қисмҳои алюминийи дару тиреза, витражҳо ва маводи конструксионӣ махсус гардонида шудааст.

Дар сохтмони ин корхона ва воридоту васли таҷҳизоташ 13 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки сӯзишвории асосии дар ин корхона истифодашаванда гази моеъ аст ва ин имкон медиҳад, ки маҳсулот камхарҷу арзон бошад.

Дар марҳилаи аввал ин корхона ҳамасола 3000 тонна алюминийи аввалияро коркард карда, аз он профилҳои алюминӣ истеҳсол менамояд. Пас аз ба кор даромадани навбати дуюмаш иқтидори он ба коркарди 6 ҳазор тонна алюминийи аввалия баробар хоҳад шуд. Агар ба ҳисоби пулӣ гирем, ҳоло солона дар ҳаҷми 35-40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Айни ҳол дар ин корхона 70 кас бо корӣ доимӣ таъмин мебошанд ва ояндаи наздик бо ифтитоҳи коргоҳи дуюм шумораи ҷойҳои корӣ ба 150 мерасад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки дар ҳамин ҷо ҳамчунин истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти корхона пешниҳоди Сарвари давлатро хуб пазируфта, уҳдадор шуданд, ки шумораи ҷойҳои кориро ба 300 мерасонанд.

Роҳбарияти ширкати мазкур азм доранд, ки на танҳо бозори дохилиро бо профилҳои алюминӣ таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

 

Ифтитоҳи қасри боҳашамати варзишӣ

дар шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд нуздаҳуми июни соли 2013 як қасри боҳашамати варзишӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, сохтмони он бо ҳидояти Президенти кишвар моҳи апрели соли 2012 шуруъ шуда буд.

Масоҳати умумии маҷмааи навбунёди «Қасри варзиш» 8300  метри мураббаъ буда, толори асосии он дорои 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Толорҳои варзишии ин қаср ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дорои имконияти ба роҳ мондани мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ аз рӯйи намудҳои вазнбардорӣ, бокс, волейбол, баскетбол, акробатика, гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ, гӯштии тарзи озод, дзюдо, камарбандӣ, гӯштигирӣ, гандбол, футзал, бадминтон, шашка, шоҳмот, каратэ, якҳарбаи шарқӣ, теннис, тенниси рӯйи миз ва амсоли инҳо мебошад.

Тавре аён гардид, қасри варзиш аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он толорҳои калони варзишӣ барои бозиҳои гуногун, маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонони расмӣ, утоқҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи дуюм толорҳои машқӣ барои намудҳои бокс, дзюдо, гӯштӣ, тенниси рӯйи миз, шашкаву шоҳмот, утоқҳои корӣ, буфет ва ғайра мавҷуданд. Ошёнаи сеюм бошад, барои воситаҳои ахбори омма ва утоқҳои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги «Қасри варзишӣ» суханронӣ намуда, аз авҷ гирифтани сохтмони иншооти гуногуни варзишӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар ва ба дастовардҳои баланд дар арсаи ҷаҳонӣ ноил гардидани варзишгарони тоҷик изҳори хушнудӣ намуд.

Дар яке аз толорҳои қасри варзиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 130 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамин тариқ, то имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҷмуъ ба 787 нафар ятимони бе падару модар кӯмаки моддии Президенти кишвар расонида шуд. Бояд таъкид дошт, ки ин амал дар доираи иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар иҷро мешавад.

Тавре аён мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин нишондоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешсафу ибратомӯз аст.

точ сити

Ифтитоҳи бинои хизматрасонии

«ТОҶ СИТИ» дар шаҳри Хуҷанд

Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТИ»-ро ифтитоҳ намуд.

Чуноне зикр гардид, ин бинои панҷошёна бо харҷи қариб сеюним миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 130 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар таҳхонаи бино толорҳои варзишӣ, намоиши кино ва утоқҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи якум дорои толори таомҳои зудомодашаванда бо 70 ҷойи нишаст ва толори хизматрасонӣ мебошад. Дар ин толор хатнасури 21 нафар писарча аз хонаи кӯдакони Хуҷанд ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд.

Ошёнаи дуюм барои толори ороиши занона ва фурӯшгоҳи либосҳои омехтаи замонавӣ, ошёнаҳои болоӣ барои утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар утоқҳои иҷоравӣ пешбинӣ шудаанд.

зардолу

Иштирок

дар Иди зардолу

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар тантанаҳои Иди зардолу иштирок намуд.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо навъҳои гуногуни зардолуро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш баровардаанд. Дар ин ҷо тамоми навъҳои зардолуи тару тоза ва зардолую дигар меваҳои шаҳдбор дар шакли хушк ва консерва ба чашм мерасид.

Хотиррасон бояд намуд, ки бо дастуру супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди кӯҳна барқарор гардид. Ин аст, ки фаровонии меваю сабзавот дар бозори дохилӣ сол ба сол бештар гардида, нишондодҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ рӯй ба афзоиш овардааст. То имрӯз дар вилояти Суғд 54 ҳазор тонна зардолуи тару тоза ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳосили пурраи соли 2012 –ум 7 ҳазор тонна зиёд аст. Танҳо дар панҷ моҳи соли равон беш аз 40 ҳазор тонна зардолуи хушк аз ҳосили солҳои пешин аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Хушксозии ҳосили имсола дар тамоми шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, васеъ намудани боғоти олуи сиёҳ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар соҳаи парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад.

Дар ин намоишгоҳ, ҳамчунин намунаҳои беҳтарини тамоми навъҳои меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти занбӯри асал, гулу гулбуттаҳои ороиши хона ва кӯчаю хиёбонҳо ба чашм мерасид. Дарвоқеъ, ин намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди зардолу табдил ёфт.

 

Комбинати овозадори абрешим бо номи «Нассоҷи Хуҷанд» аз нав эҳё гардид

 Нуздаҳуми июни соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» ифтитоҳ ёфт.

Чунонки зикр гардид, ин корхона дар заминаи корхонаи куҳнаю фарсуда-комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд, ки солҳои охир ҳамагӣ бо 5 фоизи иқтидори лоиҳавиаш кор мекард, ба кор дароварда шуд. Ҳоло аз ҷониби ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон» якчанд бинои ин корхонаи азим бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Бо 55 миллион сомонӣ 44 адад таҷҳизоти нави муосир харидорӣ ва техникаю таҷҳизоти куҳна, вале коршоям тармиму навсозӣ шудааст.

Ба ин тартиб 800 нафар коргарони қаблии корхона, ки дар рухсатии бемуҳлату бемузд қарор доштанд, аз нав ба кор ҷалб шуда, 300 коргари нав низ қабул гардид ва шумораи умумии коргарон ба 1100 нафар расид.

Ҳоло ин корхона имкон дорад, ки солона то 4 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр омода намояд. Тибқи нақшаҳои роҳбарияти корхона, оянда иқтидори коркарди ин корхона бояд ба 7 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 3 ҳазор нафар расонида шавад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либосворӣ ба фаъолият шуруъ намуда, коркарди пурраи нахи пахта ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз дар ду корхонаи ширкати «Хуҷанд Инвест Коттон», яъне «Нассоҷи Хуҷанд» ва «Неку Хуҷанд» иқтидори солонаи коркарди 7 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд аст ва дар ду корхона беш аз 1400 нафар бо кор таъмин гардидаанд.

Дар коргоҳи дӯзандагии корхонаи мазкур дӯхтани либосҳои мактабӣ, низомӣ, корҷомаҳо ва ғайра ба роҳ монда шуда, 100 нафар занону духтарон бо кор таъмин гардидаанд. Либосвории хушсифати ин корхона, ки аз 70 то 100 фоизаш аз нахи пахтаи Тоҷикистон аст, ба талаботи ҷаҳонии сифат ҷавобгӯй буда, асосан ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.

Дар назди корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» ҳамчунин мағозаи фирмавии он кушода шудааст, ки дар он навъҳои сершумори либосвории хушсифати пахтагин бо нархҳои аз маҳсулоти воридотӣ ду баробар арзон ба фурӯш гузошта шудааст. Куртаҳои хушсифати пахтагини мардона, аз ҷумла бо нархи 40-45 сомонӣ пешниҳод мегардад. Нархи ҳамин гуна куртаҳои воридотӣ бошад, на кам аз 140 сомониро ташкил медиҳад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд васеъ истифода карда шавад.

Тавре иттилоъ доданд, роҳбарияти ширкати «Хуҷанд Инвест Коттон» азм доранд, ки маҳсулоти тайёри худро на танҳо ба бозори дохилии Тоҷикистон, балки барои содирот ба хориҷи кишвар низ равона намоянд.

Тавре директори генералии ширкати «Швейпромсервис»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия Андрей Дубнов иттилоъ дод, имрӯз маҳсулоти ин корхона дар хориҷи кишвар рақобатпазир буда, харидори зиёд дорад.

Чунонки аён мегардад, коркарди нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ дар партави супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол зиёд гардида, шумораи корхонаҳои нави саноатӣ рӯй ба афзоиш доранд. Танҳо дар вилояти Суғд тайи панҷ моҳи соли равон 62 корхонаи нави саноатӣ бо ду ҳазор ҷойи нави корӣ фаъол гардидааст. То охири соли равон шумораи корхонаҳои нави саноатии вилоят ба 120 ва ҷойҳои нави корӣ ба панҷ ҳазор расонда мешавад.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Истеҳсоли маҳсулот дар комбинати қолинбофии

Қайроққум бояд ба 5-6 миллион метри мураббаъ расонда шавад»

 Нуздаҳуми июни соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, бо фаъолияти комбинати қолинбофии он бевосита шинос шуд.

Қолинбофони Қайроққум давомдиҳандагони анъанаҳои миллии қадимаи қолинбофӣ буда, зиёда аз ним аср инҷониб бо истеҳсоли қолинҳои хушсифату зебо машғул мебошанд. Тайи чанд соли охир корхонаи «Қолинҳои Қайроққум», бо шарофати талабу пофишориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё карда шуд. Дар ин давра тамоми таҷҳизот ва хатҳои технологӣ тармиму таҷдид гардид.

Дар муқоиса бо ҳаҷми миёнаи истеҳсоли маҳсулоти солҳои 2000-2005 соли 2012 истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона дуюним баробар зиёд шуд. Аз соли 2009 то соли 2013 барои таъмини кори пурсамар ва мунтазами корхона корҳои зиёд ба анҷом расонда шуд. Ин буд, ки соли 2009 маҳсулоти корхона дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини сол» сазовори ҷойи аввал гардид.

Сарфи назар аз мушкилоти молиявӣ, аз ҷониби роҳбарият барои беҳтар намудани некуаҳволии кормандон, фароҳам овардани шароити корию маишӣ диққати хоса зоҳир карда мешавад. Музди кори кормандон вобаста ба ҳаҷми кори иҷрошаванда ва дараҷаи ихтисоcнокӣ аз 350 сомонӣ то 1800 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи рӯйхатии кормандони корхона 1055 нафар буда, вобаста ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ 350-400 нафар кормандон ҳамарӯза машғули кор мебошанд. Аз шумораи умумии коргарон 52 фоизашро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла риштаҳои пашмин ва нимпашмин, қолинҳои пашмин, нимпашмин ва кимиёвӣ, матоъҳои техникӣ аз нахи сунъӣ ва коркарди пашми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Қолинҳои баландсифат дар дастгоҳҳои муосири сохти давлатҳои Олмон, Италия, Япония, Фаронса, Полша ва Федератсияи Россия бофта мешаванд.

Корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол 1 миллиону 300 ҳазор метри мураббаъ қолин ва дигар маҳсулот истеҳсол менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки «то як соли оянда ин иқтидор ба 2 миллиону 600 ҳазор метри мураббаъ ва дар оянда ба 5-6 миллион расонда шавад».

Иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ барои ба кор даровардани як коргоҳи иловагии қолинбофӣ дастгоҳҳои нави технологӣ аз Белгия ворид мегардад ва танҳо дар ин коргоҳ ҳар сол 660 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот тавлид хоҳад шуд.

 

Ифтитоҳи маркази солимгардонии

ҷавонон ва кӯдакони «Шоҳин» дар Қайроққум

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли ҷорӣ дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони «Шоҳин», ки дар заминаи собиқ фароғатгоҳи «Уқобча»–и Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.

Навсозии куллӣ ва дубора ба истифодаи васеъ додани ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони «Шоҳин» дар масоҳати умумии 19 гектар доман паҳн намуда, аз биноҳои дуошёнаи маъмурият, хобгоҳ, бинои таълимӣ, ошхона, майдончаи бачагона, се ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва ҳашт хобгоҳи тобистонаи якошёна иборат мебошад. Ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ, ки бо тарҳи зебою дилкаш дорои шароити хуби замонавӣ гардидааст, дар як вақт метавонад наздики 600 нафар кӯдакону наврасонро фаро бигирад.

Корҳои ободонию кабудизоркунии марказ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Соли равон дар ҳудуди он наздики 10 ҳазор бех дарахтҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Тибқи супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда дар ҳудуди ин марказ толори варзишӣ, аквапарк, маркази компютерӣ ва дигар биною инфрасохтори иловагӣ бунёд хоҳад ёфт.

Ба ифтихори ифтитоҳи марказ ва ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истироҳаткунандагони он барномаи зебою дилнишини фарҳангӣ намоиш доданд.

 

Расонидани кӯмаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 Субҳи рӯзи 20 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри фарҳанги «Арбоб»-и вилояти Суғд ба 175 нафар ятими бе падару модар кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Аз кӯмакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачагоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд. Ба 88 нафар донишҷӯёни ятими бе падару модар низ туҳфаҳои хотиравӣ ва  кӯмаки моддӣ, аз ҷумла яктоӣ планшетҳои Samsung galaxy tab 2, ки барои донишҷӯён айни муддаост, тақдим гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаббачагону донишҷӯёни ятимро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари матлуби замон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор эҳсос накунанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ҳамаҷонибаи ятимону бепарасторон, пеш аз ҳама онҳое, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, даъват карда буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи рӯзҳои сафари корӣ дар вилояти Суғд дар иҷрои ин даъват ташаббуси ибратбахш нишон дод. Дар натиҷа тайи ин рӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд ба 878 нафар ятими бе падару модар кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии Сарвари давлат дастрас гардид.

 

Машварат дар Қасри фарҳанги «Арбоб»

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 20 июн дар маркази фарҳангу фароғати Қасри «Арбоб»- и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияи он машварати васеи корӣ доир намуд.

Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд тайи солҳои охир ва дар панҷ моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуд.

www.prezident.tj