Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Сафоратт

Бисту чоруми июн дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари мутараққии арабӣ боз шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои Сафорати Тоҷикистон Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ҳамроҳӣ намуд.

Дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлати  Тоҷикистон барафрохта шуд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ба хонаи миллии тоҷикӣ, ки дар назди сафорат бунёд ёфтааст, ворид шуда, дар болои кати тоҷикӣ каме фароғат намуданд.

Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароите, ки дар ин бинои нав барои дипломатҳои тоҷик муҳайё гардидааст, баҳои баланд дода шуд.

Зимни суханронии табрикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои нави Сафорати Тоҷикистонро «рӯйдоди муҳим дар рушди муносибот бо Давлати Кувайт» номида, изҳори умед кард, ки «дар пайравӣ ба ин иқдом дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ Сафорати муқимии Давлати Кувайт боз мегардад».

Бо қаноатмандӣ аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи ин раванд сафоратҳо ва доираҳои дигари масъули ҳар ду давлат бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал -Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оғозбахши марҳилаи нави муносиботи ду кишвар номида, чунин изҳор дошт: «Мо ваъда медиҳем, ки дар ояндаи наздик Сафорати Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон боз хоҳад шуд».

www.prezident.tj