Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Моҳирсемент»

№111 (3591) 25.08.2016

14086249_1121662771237241_5119794164010625890_o24 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгтсай Моҳирсемент» иштирок кард.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо пахши таҷҳизоти рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон асос гузошт.

Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгтсай Моҳирсемент» бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов дар майдони 22 гектар бунёд гардидааст. Барои сохтмони он 958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки 35 фоизи ин маблағ саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.

Дар заминаи корхонаи мазкур, аз ҳисоби маблағҳои умумӣ, бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо маблағи 120 миллион сомонӣ ва иқтидори 1 миллион метри квадратӣ дар як сол, ҳамчунин бунёди коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо маблағи 80 миллион сомонӣ ва иқтидори 80 миллион халта дар як сол дар назар дошта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол баробар буда, оянда дар он ва ду корхонаи дигари дар марҳилаи дуюм бунёдшаванда 850 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар корхона муосиртарин таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот тариқи дастгоҳҳои электронӣ танзим ва назорат мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона навъҳои 400, 500 ва 600-и семент истеҳсол мешавад, ки аз ҷиҳати усули истеҳсол ва таҷҳизоти дар ин раванд истифодашуда дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳузури аҳли заҳмати ин корхонаи бузурги саноатӣ, бунёди онро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкории ватанӣ ва бахши хусусӣ, инчунин иқдомҳои муассир дар роҳи гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва кам кардани шиддати маҳсулоти воридотӣ арзёбӣ намуд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази шаҳраки Ёвон ба сохтмони як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи «Чжунгтсай Моҳирсемент» мебошад, иқдом гирифтааст.

Тибқи нақша дар ин маҳалла Баҳриддин Ҷӯрахонов дар 18 моҳ бо харҷи 14 млн. сомонӣ мактаби сеошёнаи замонавӣ ва дорои шароити муосири таълиму тарбия бунёд менамояд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар ноҳияи Ёвон ин дуюмин иқдоми соҳибкор дар бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Моҳи апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Даҳанаи ноҳия як мактаби хуштарҳу замонавии барои 640 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби маблағҳои ин соҳибкор бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек бори дигар ба соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ин амали созандаро барои дигар соҳибкорони мамлакат намунаи ибрат арзёбӣ намуд.

 www.president.tj