Ифтитоҳи Корхонаи саноатии «Суғд Пак» дар шаҳри Чкалов

№132 (3117) 17.10.2013

1402459_546504038753120_779413476_o

16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд Корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Шодимурод Саидов таъсис дода шуда, асосан ба истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ барои бастабандии орд, шакар, дигар маҳсулоти ғизоӣ ва ҳам хокаҳои масолеҳи сохтмонӣ, ба мисли семент, алибастер ва ғайра машғул хоҳад буд.

Ҳоло дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чопи навиштаҷоти рӯйи халтаҳо  ва ламинатсиякунии дохили халтаҳо  омодаи коранд. Яъне, тамоми корҳои омодасозии халтаҳо аз ришта то маҳсулоти тайёр дар худи корхона ба роҳ монда шудааст. Танҳо гранула, ки ашёи хоми синтетикӣ барои истеҳсоли риштаю матои халтаҳо мебошад, аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Ҳоло дар ин корхона беш аз 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи коргарон дар ин корхона то  моҳи сентябри соли 2014 ба зиёда аз 720 нафар мерасад, ки беш аз 600 нафараш занону духтарон хоҳанд буд. Оянда бо амалӣ шудани ҳамаи нақшаҳои ин соҳибкорони хушзавқ шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона ба зиёда аз се ҳазор хоҳад расид.

Бо иқтидори кунуниаш дар ин корхона беш аз 40 миллион дона халтаҳои хурду бузург истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яке аз  ду кг то ду ҳазор кг ғунҷоиш доранд. Тавре иттилоъ доданд, талаботи пурраи Тоҷикистон ба маҳсулоти ин корхона дар ҳоли ҳозир 17 миллион дона халта аст.  Маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад. Соҳибкороне, ки асосгузори ин корхонаанд, барои пешниҳоди ин маҳсулот ба Қазоқистон, Россия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо бо шарикони хориҷии худ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондаанд, аз ин хотир оянда иқтидори ин корхона ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Чунонки зикр гардид, ин соҳибкорон солҳои зиёд дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, имрӯз тасмим гирифтаанд, ки бо сармояи гирдовардаашон дар ободонии Ватани азизи худ низ саҳмгузор бошанд.

Миразиз Усмонов, аз ҷумла иттилоъ дод, ки зимни яке аз мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими Қазоқистон ӯ уҳдадор шуда будааст, ки як корхонаи калони саноатӣ дар Тоҷикистон  бунёд менамояд. Инак, дастуру маслиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкор амалӣ гардид ва марҳилаи аввали корхона ба кор даромад.

www.president.tj