Ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии «Даҳбед» дар ноҳияи Ҳисор

№96 (3242) 15.08.2014

дахбед

Дар кӯчаи ба номи Н. Қаюмови маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии «Даҳбед», ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аён гардид, ин маҷмааи зебо дар заминҳои бекори ба партовгоҳ табдилёфта бунёд гардида, ин мавзеъро ба як гӯшаи зебои мулки Ҳисор мубаддал намудааст.

Маҷмаа аз меҳмонхонаи муосири дорои 60 кати хоб ва ҳамаи шароити зарурӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази савдои дорои 75 фурӯшгоҳ, ошхонаю чойхона ва дигар дӯконҳо иборат аст. Дар як гӯшаи маҷмаа ҳамчунин Маркази хизматрасонии «Тоҷпромбонк» ифтитоҳ ёфтааст, ки барои осону қулай намудани кори тоҷирон пешбинӣ шудааст. Дар ин маҷмаа беш аз 500 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 400 нафари онҳо дӯзандаҳои либос ва устоҳои чирадасти гулдӯзию зардӯзӣ мебошанд. Ғайр аз 200 дӯзандаи дар коргоҳи дӯзандагӣ амалкунанда боз 200 нафар занону духтарони дигар ба кори кӯрпаю кӯрпачадӯзӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар хонаҳои худашон таъмин карда мешаванд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Ҷамшед Зиёев уҳдадор шуд, ки дар як гӯшаи ин маҷмаа боз корхонаи калони дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бунёд намуда, то моҳи сентябри соли 2015 ба кор медарорад ва шумораи коргарони маҷмааи «Даҳбед»-ро ба зиёда аз 1500 нафар мерасонад.

Аз ҷониби «Тоҷпромбонк» ба соҳибони ҳамаи 75 дӯкони тиҷоратии маркази «Даҳбед» ҳамчунин 10- ҳазор долларӣ қарзи имтиёзнок барои оғози тиҷорат ҷудо карда шудааст, ки дастгирии хубе барои тоҷирони навкор мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, ин танҳо марҳилаи аввали кор аст, дар марҳилаи дуюм дар ин ҷо мошинбозор ва бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин ва дигар воситаҳои нақлиёт бунёд меёбад, ки дар онҳо беш аз 1000 нафари дигар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.

www.president.tj