Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

№65 (3050) 01.06.2013

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома миёни Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва аттестатсия намудани кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ;

Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ташкили мубодилаи маълумот доир ба интиқоли молҳо ҳангоми савдои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва барасмиятдарории гумрукии онҳо;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ (муҳофизат), огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

Қарори Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи ҳамкорӣ барои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон»;

Қарори Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба»;

Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Россия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон»;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш:

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.

www.prezident.tj