Иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ

№136 (3121) 26.10.2013

002

Бегоҳии рӯзи 24 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск — пойтахти Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳайси меҳмон иштирок ва андешаронӣ кард.

Ба ҳайси меҳмон дар ин ҳамоиш ҳамчунин сарони давлатҳои Арманистону Украина ва намояндаи Қирғизистон иштирок доштанд.

Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамгиройии иқтисодӣ, муттаҳидсозии имконоти муштарак, дурнамои тавсиаи Иттиҳоди гумрукӣ ва ташкили Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ давлатҳои Беларус, Россия ва Қазоқистон шомиланд.

www.president.tj