Иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

№137 (3122) 29.10.2013

002 (1)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 октябри соли 2013 дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск — пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва Президенти кишвари мизбон — Беларус ҷамъ омаданд. Дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дигар масоили ҳамгиройии гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зоҳир гардид. Соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон шуд. Тавре зикр гардид, то соли 2015 барои мукофотонидани собиқадорони ҷанг ордену медалҳои ҷашнӣ таъсис дода мешавад.

www.president.tj