Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2014 дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуд.
Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Ин намоиши таассурбахшро беш аз 40 ҳазор тамошобин аз варзишгоҳ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд.
Дар таҳияи ин барнома 12 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо бештар аз 100 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои ХХII зимистонаи олимпии Сочи лижарони тоҷик Алишер Қудратов намояндагӣ мекунад.
www.president.tj