Иштирок дар Паради ҳарбӣ бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм

№67 (3368) 12.05.2015

14

Нуҳуми майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Москва Паради ҳарбиро бахшида ба солгарди 70-ум аз Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ мушоҳида намуд.

Ба ин муносибат ба шаҳри Москва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари ҷаҳон ташриф оварданд.

Меҳмонони олимақомро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом ба болои минбари тамошогоҳ баромада, нахуст собиқадорони ҷангро, ки зиёда аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни дар он пирӯзии бузург саҳмгузошта ҷамъ омада буданд, табрику таҳният гуфтанд.

Дар Паради ҳарбии бошукӯҳи бахшида ба ин санаи пурифтихор беш аз 16 ҳазор нафар афсарону сарбозон аз Федератсияи Россия ва кишварҳои зиёди дигар иштирок намуданд. Дар миёни онҳо як воҳиди низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ширкат варзид. Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷанги бузурги зидди фашизми гитлерӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон ҳам саҳми намоён гузошта, қариб 100 ҳазори онҳо барои таъмини Ғалаба ва ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда ҷони худро фидо кардаанд. Беш аз 60 нафари онҳо бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардидаанд.

Тавре борҳо зикр гардид ва ҳам ба ҳамагон аён буд, Паради ҳарбии 70-солагии Ғалабаи бузург, ки бо иштироки шумораи зиёд ва намунаҳои навтарини техникаи ҳарбии заминию ҳавоӣ баргузор гардид, аз бузургтарин чунин чорабиниҳо дар таърихи муосири Федератсияи Россия аст.

www.president.tj