Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

№68 (3053) 08.06.2013

IMG_0422

Субҳи рӯзи 5 июни соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон вориди шаҳри Атамуроди Туркманистон шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов истиқбол гирифт.

Барои иштирок дар ин чорабинии муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ  ба Туркманистон ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ташриф овард.

Маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бо намоиши лавҳаи видео аз ҷараёни сохтмони роҳҳои оҳани ин кишвар дар замони истиқлоли давлатиаш оғоз ёфт.

Зимни суханронии сарони давлатҳо, аз ҷумла хотиррасон гардид, ки тибқи нақша роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба масофаи беш аз 400 км бо харҷи зиёда аз 400 миллион доллари амрикоӣ дар муҳлати ду соли оянда бояд сохта, ба истифода дода шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмати туркманистонии роҳ аз ҳисоби худи Туркманистон ва қисматҳои тоҷикистонию афғонистонии он бо ҷалби сармояи муассисаҳои байналмилалии молиявӣ сохта мешавад.

Гурбангулӣ  Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Ин роҳи оҳан на танҳо барои се кишвари мо, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон хоҳад дошт».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай татбиқи ин лоиҳаи муҳими минтақавию байналмилалиро «қадам гузоштан ба сӯйи ояндаи муфарраҳтару мутараққӣ» номида, изҳор дошт, ки Афғонистон барои ҳар чӣ зудтар ба баҳрабардорӣ расидани ин роҳи оҳан ҷаҳду талоши доимӣ хоҳад кард. Ӯ бо ишора ба сиёсати созандагӣ ва бунёдкории минтақавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуда, чунин гуфт: «Тоҷикистон низ дар ояндаи наздиктарин ба сохтмони ин роҳ дар ҳудуди худ оғоз мебахшад».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ чунин таъкид дошт:  «Дар воқеъ мо низ ҳар чӣ зудтар бояд ба сохтмони ин роҳи оҳан оғоз бахшем, зеро ин роҳи дӯстӣ ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам фарҳангии се кишвар, инчунин ба кулли минтақа мусоидати фаъол хоҳад дошт».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз аҳамияти роҳҳои минтақавӣ иттилоъ дод, ки «ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар ҳафт соли охир миёни Тоҷикистону Афғонистон 100 баробар ва миёни Тоҷикистону Туркманистон се баробар афзудааст».

Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба нома ба наслҳои оянда имзо намуда, онро дар нуқтаи оғози сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар фазои тантанавӣ гузоштанд.

Сохтмони роҳи оҳан бо пардабардорӣ аз болои лавҳаи хотиравӣ аз ҷониби сарони се давлат ва гузоштани нахустин релси ин роҳи дӯстию бародарӣ ва таҳкимбахши ҳусни ҳамсоягии ибратбахши Тоҷикистону Афғонистону Туркманистон расман оғоз ёфт.

Ба ин маросими бошукӯҳ намоиши консерти якҷояи ҳунармандон аз Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон ҳусни анҷом бахшид.

Сарони ҳар се давлат, ҳамчунин ба шаҳраки навбунёди Гарлики Туркманистон ташриф оварда, дар маросими расмии ифтитоҳи он иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, ин шаҳрак бо тамоми инфрасохтори иҷтимоию фарҳангӣ барои бо қувваи корӣ таъмин намудани заминҳои ба тозагӣ азхудшуда сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

www.prezident.tj