Иштироки сарони давлатҳо дар таҷлили Чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

IMG_0083

21 марти соли 2013 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид.

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Федератсияи Россия, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Касимжомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.

Аз чорабиниҳои марказии Наврӯзи байналмилалии соли 2013 дар Ашқобод «Конфронси байналмилалии Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва рифоҳ» буд.

Конфронс бо нутқи ифтитоҳии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ва суханронии сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки баргузории ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманистон басо табиист, зеро «ин сарзамини меҳмоннавоз дар гузашта ва имрӯз ба фазои ягонаи тамаддуние дохил мешавад, ки ватани Наврӯзи оламафрӯз ба шумор меравад».

Бо ишора ба ёдгориҳои Тахти Ҷамшед таъкид гардид, ки «Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Россияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «фарҳанги инсондӯстии Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳар чӣ бештари омилҳои ҷудоиро аз миёни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ бардорем». Манзур аз ин андеша, албатта, ба имзо расидани санади сеҷониба доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон аст, ки омили таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар минтақа хоҳад буд.

Тантанаҳои бошукӯҳи фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Аҳали Туркманистон бо намоиши ҳунарҳои волои мардумӣ ва барномаи базму тараби идона баргузор гардид.

Дар ин барномаҳо дар баробари гурӯҳҳои фарҳангии Туркманистон ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз гурӯҳи бонуфузу сершумори фарҳангиёну санъаткорон ва ҳунармандони мардумӣ ва олимону адибони Тоҷикистон иштироки фаъол намуданд.

www.prezident.tj