Шоми рӯзи 25 майи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Шоҳигарии Баҳрайн шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Шоҳигарии Баҳрайн- шаҳри Манама Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Шоҳигарии Баҳрайн -шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ бо эҳтирому самимияти олӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳ сарбозони Горди фахрии Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн саф оростанд. Парчамҳои давлатии ду кишвар парафшон буд.
Зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳар ду палатаҳои парлумони Шоҳигарии Баҳрайн, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар Форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ба имзо расидани ҳашт санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.
САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 40 ИМТИЁЗ БАРХӯРДОРАНД
Рӯзи дуюми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн бо иштирок дар Форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар оғоз ёфт.
Аз ҳар ду ҷониб дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Шоҳигарии Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш даъват намуд.
Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир тавассути амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 имтиёз муайян карда шудааст.
Зимни суханронии вазири саноат ва савдои Шоҳигарии Баҳрайн Ҳасан Фахру ва пурсишу посух бо соҳибкорони ин давлати пешрафтаи араб, аз ҷумла аён гардид, ки онҳо ба сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нафту газ, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар ҳавасманд мебошанд.
Мулоқоту суҳбатҳои зиёд бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, ки зимни онҳо тавофуқоти зиёди ҳамкорӣ ҳосил шуд.
ИМЗОИ ҲАФТ САНАДИ НАВИ ҲАМКОРӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ ТАРАФАЙН
Бисту ҳаштуми майи соли 2014 маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди қасри Суҳайри Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи мамлакат шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъҳои Горди фахрии Подшоҳ, садо додани оҳанги Сурудҳои миллии ду кишвар, гузашт аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои фахрии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб оғоз ёфт.
Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн, ҳамчунин дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа баррасӣ шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо — Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя, Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошанд.
Ҳамчунин Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн эълон гардид, ки дар он самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дарҷ гардидааст.
Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Шоҳигарии Баҳрайн «Ал-Қилод ал-Халифӣ» (ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид.
Ба Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд.
ҲАВАСМАНДӢ БА ТАЪСИСИ ГУРӯҲИ ДӯСТИИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ
Субҳи рӯзи 29 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Манама — пойтахти Шоҳигарии Баҳрайн бо раисони ҳар ду палатаҳои Парлумони ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Шоҳигарии Баҳрайн Халифа ибни Аҳмад Заҳронӣ масоили вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ, таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои татбиқи босамари санадҳои нави баимзорасида баррасӣ шуданд
Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва ба таъсиси гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои машваратии Ассамблеяи миллии (палатаи болоии парлумони) Шоҳигарии Баҳрайн Алӣ ибни Солеҳ ас-Солеҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки зимни нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар заминаи воқеӣ барои рушди муносиботи бисёрпаҳлуи дуҷониба гузошта шуд.
ТАВАҶҶУҲИ БОНКДОРОНИ ШОҲИГАРИИ БАҲРАЙН БАРОИ РОҲАНДОЗИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 майи соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуд.
Бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки рӯзи гузашта миёни соҳибкорону тоҷирони бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Баҳрайн тавофуқоти зиёди судманд доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамар ҳосил шуд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯст хеле зиёд аст ва ин имконот бояд васеъ истифода бурда шавад.
Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд иттилоъ дод, ки мехоҳад ба наздикӣ сафари як гурӯҳи калони соҳибкорони баҳрайниро ба Тоҷикистон ташкил кунад. Пешниҳоди ӯ аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки як анҷумани бузурги соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мулоқоти судбахши дигарро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор бонкҳои бонуфузи Шоҳигарии Баҳрайн доир намуд.
Бонкдорони ин кишвар изҳор доштанд, ки омодаанд ба бозори бонкдорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ворид шаванд. Ёдоварӣ карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои Шоҳигарии Баҳрайн барои роҳандозӣ намудани усулҳои беҳтарини бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани беҳтарин шароит барои ҷалби сармояи хориҷӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Корҳои зиёд дар ин самт анҷом ёфта, ислоҳоти соҳа идома дорад.
www.president.tj