Нимаи дуюми рӯзи 27 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар ҳамойиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя ва дорои ҳамрангиҳои зиёди ҷуғрофию табиӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамон рӯз дар бӯстонсарои Алаарчаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносойӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.
Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо, сипас дар музокироти расмӣ ва нахустин нишасти Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон намунаи ҳамсоягии наку, дӯстии боэътимод ва эҳтироми мутақобила мебошад» ва афзуд, ки «мо ин анъанаҳои некро пурарзиш медонем ва барои таҳким ва ғанигардонии бештари онҳо пайваста ҷаҳду талош мекунем».
Алмазбек Атамбаев боздиди расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизистон «марҳиласоз» номида, барои ҳусни ниятҳо доир ба дастгирии эътидолу суботи Қирғизистон ва ҳамкории босамар арзи қадрдонӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки муносиботи хайрхоҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми хоса касб намудаанд.
Ба сатҳ ва сифати робитаҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки соли 2012 мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Қирғизистон 60 фоиз афзудааст ва тамоюли афзоиши он идома дорад.
Ҳар ду ҷониб барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳанӯз истифоданашуда дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, илму техника ва фарҳанг омодагии устувори худро таъкид доштанд.
Барои ин ба кор даровардани механизмҳои Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва беш аз пеш фаъол намудани ду комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва доир ба мушаххассозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.
Бо ишора ба ҳамрангии манфиатҳои минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва ҳалли масоили минтақавии нақлиётию транзитӣ ҳамгиройии худро ҳамоҳанг намуда, тақвият мебахшанд.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки нишасти дуюми Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор карда шавад. Ҳамчунин қарор карда шуд, ки сатҳи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон то ба сатҳи муовини Сарвазир аз ҳар ду ҷониб бардошта шавад.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбаев даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.
www.prezident.tj