Муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Кувайт

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Кувайт бегоҳии рӯзи 23 июн баргузор гардид.

Баррасии муфассали роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сурат гирифт.

Дар оғози мулоқот маросими супурдани мукофотҳои олии давлатӣ баргузор гардид. Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлати худ ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намуд.

Аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат чунин изҳор дошт: «Дар татбиқи стратегияи созандаи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон густариш ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои араб аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарин ба шумор меравад ва нисбати Давлати Кувайт мо таваҷҷуҳи хос дорем».

 www.prezident.tj