Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 майи соли 2014 бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти тараққикардаи Хитой баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла ба масъалаҳои вобаста ба бунёди зербинои сайёҳӣ зоҳир шуд. Зикр гардид, ки ин минтақаи Хитой дар бунёди шароити зарурӣ барои ҷалб ва қабули сайёҳони сершумор таҷрибаи зиёд дорад.
Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи даҳ соли охир ҳаҷми гардиши солонаи мол миёни Тоҷикистону Хитой аз сифр то ба ду миллиард доллари амрикоӣ расид. Он ки ҳоло беш аз ду ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсили илм мекунанд, нишонаи таваҷҷуҳи хос ба густариши робитаҳои гуногунпаҳлу бо ин ҳамсояи бузург номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj