Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2014 дар роҳи бозгашт аз Шанхай дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой таваққуфи кӯтоҳ намуда, бо узви Бюрои сиёсии марказӣ, котиби Кумитаи ҳизбии ин ноҳия Чжан Чунсиан мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин минтақаи фарохи Хитой, ки дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу дар ҳама фаслҳои сол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани сифати роҳи мошингарди миёни Тоҷикистону Хитой, татбиқи босамари санадҳое, ки бо ин ноҳия ба имзо расидаанд, зоҳир гардид.
Ба дурнамои робитаҳои ҳасана ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳои баланд дода шуд.
www.president.tj