Музокироти давлатии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Баррасии муфассали дурнамои муносибот ва ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сарони ду давлат 23 июни соли 2013 бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистону Кувайт метавонанд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ, энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илму техника, сайёҳӣ ва ғайра ҳамкории густурдаи барои ҳар ду ҷониб судбахш дошта бошанд.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки роҳбарони олии ду давлат ва ҳам роҳбарияти ҳукумати ду кишвар ба ин кор ҳавасмандии устувор доранд.

Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ, ки дар ҳузури сарони ду давлат ва ҳайатҳои воломақом сурат гирифт, аз ин гувоҳии возеҳ медиҳад. Санадҳои имзошуда инҳоанд:

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ;

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кувайтии рушд.

Ҳамчунин Баёнияи муштараки роҳбарони ду давлат нашр гардид, ки дар он нуктаҳои муҳимтарини мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дарҷ гардидааст.

Бояд таъкид дошт, ки имзои боз чанд санад зимни мулоқотҳои дигари Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва миёни сохторҳои соҳибкории ду кишвар дар назар аст.

www.prezident.tj