Тайи чор рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Таиланд сафари расмӣ ва ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари давлатӣ анҷом дода, дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо саҳифаҳои нави ояндасоз боз намуд.
Хусусан сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой басо пурарзиш аст, зеро зимни ин боздид муносиботи Тоҷикистон бо ин ҳамсояи бузург ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ бардошта шуд.
То имрӯз Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷумлаи се шарики бузургтарини иқтисодии Тоҷикистон буда, аз ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими доираҳои соҳибкории хусусӣ ба кишвари мо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Тайи даҳ соли охир ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Хитой 100 баробар афзудааст. Ин нишондодҳо худ инъикосгари возеҳи ҳамшарикии стратегии ду кишвар мебошанд. Бо тасвиби Эъломияи расмӣ, ки бо имзои сарони ду давлат -Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин сурат гирифт, муносиботи ҳамшарикии ду кишвари дӯсту ҳамсоя расман эълон гардид. Дар воқеъ ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Хитой имрӯз чун намунаи олии ҳамсоягии наку, ҳамёрии боэътимод, дӯстии босадоқат, эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои ҳамдигар, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш дар аксари арсаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон эҳсос мегардад.
Ҳамаи мулоқоту музокироте, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, аз ҷумла бо Раиси ин кишвар Си Ҷинпин, роҳбарияти парлумону ҳукумат, сохторҳои зиёди молиявию сармоягузорӣ ва истеҳсолии ин ҳамсояи бузург анҷом дод, дар ҳамин рӯҳияи ҳамшарикии стратегии расман эълонгардида ҷараён гирифт.
Зимни ин сафар дар маҷмуъ даҳ санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ, саноати кӯҳӣ, нақлиёту роҳсозӣ, молия, бонкдорӣ, кишоварзӣ, коммуникатсияи электронӣ, тарбияи ҷисмонию варзиш ва ғайра ба имзо расид, ки зимни татбиқи амалии онҳо зиёда аз миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид карда мешавад. Тавре маълум аст, сармояи мустақим ба қарзи давлатӣ шомил намегардад. Аз ин хотир, воридшавии чунин сармоя қарзи давлатии Тоҷикистонро афзун нахоҳад кард.
Барои мисол танҳо Ширкати саноати кӯҳкории «Зиҷин» бо ҷалби беш аз 140 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим парки техникаю таҷҳизот ва технологияҳои Ширкати муштараки кӯҳкории «Зарафшон»-ро тақвият бахшида, истеҳсоли тиллоро тайи ду соли оянда аз як тоннаи имрӯза ба 4-5 тонна дар як сол ва шумораи коргарони маҳаллии тоҷикро аз ду ҳазор ба се ҳазор нафар мерасонад ва садҳо мутахассиси сатҳи баланд аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин соҳа омода месозад.
Корпоратсияи миллии нафту гази Хитой (CNPC) бошад, танҳо дар марҳилаи корҳои геологию ҷустуҷӯйии захираи нафту газ ва имконсанҷии техникию иқтисодии лӯлаи нафту газ аз Тоҷикистон ба Хитой беш аз 80 миллион доллари амрикоӣ харҷ намуда, садҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин менамояд.
Ширкати «Dong Ying Heli Investment and development co. Ltd» аз ҳисоби сармояҳои худаш дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи азими коркарди саноатии нафту газ бо иқтидори солонаи 1 миллиону 200 ҳазор тонна бунёд намуда, танҳо дар марҳилаи аввали кор беш аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин менамояд.
Ширкати «Чайна глобал» иқтидори истеҳсолии Ширкати муштараки кӯҳкории «Зарнисор»-ро афзун намуда, дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд як комбинати азими металлургӣ бунёд менамояд ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё месозад.
Ин чор ширкат ва дигар ширкатҳое, ки азми устувори воридшавӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва аз тариқи он ба бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро доранд, дар бунёд ва рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, барқӣ ва иҷтимоии атрофи корхонаҳои истеҳсолии худ иштироки фаъол хоҳанд дошт.
Ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар воситаҳои ахбори оммаи ин кишвар васеъ инъикос гардид. Аз ҷумла дар рӯзномаи «CNINA DAILY», ки нашрияи ҳаррӯзаи англисизабони Хитой ва хеле бонуфузу серхонанда дар ҷаҳон аст, рӯзи 20 май мусоҳибаи муфассали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид.
Зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ин кишвар Йинглак Шинаватра мулоқоти басо судманд анҷом дода, барои густариши минбаъдаи робитаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва савдо, ҷаҳонгардӣ ва алоқаи ҳавоӣ заминаи боэътимод эҷод намуд. Аз ҷумла Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Таиланд доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя барои рушди ҳамкории иҷтисодӣ аҳамияти басо муҳим дорад.
Зимни суханронӣ дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи об»-ро «роҳи асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд» маънидод карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои қитъаи Осиё, хусусан Осиёи Марказиро ба ҳамкории созанда дар ин соҳа даъват намуд.
Таъкид гардид, ки «Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад. Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об кишварҳои минтақа рӯ ба рӯйи мушкилоти мухталиф қарор доранд».
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар «ҷонибдории устувор»-и Тоҷикистонро «аз чунин ҳаллу фасли мусолиматомези мушкилоти обӣ» таъкид дошта, чунин изҳор намуд: «Мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дигар тарафҳои манфиатдор барои истифодаи муштараки захираҳои обии худ, ки ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, омода ҳастем».
www.prezident.tj