Оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ

№120 (3105) 27.09.2013

23 сентябри соли 2013 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларус, Россия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ҷамъ омадаанд.

Тавре зикр гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа кӯмаки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистони ҳамсоя аст. Ин масъала дар ҳамбастагӣ ба бароварда шудани неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пешниҳод шудааст ва интизор меравад, ки дар охири ҷаласа дар ин бора қарори дахлдор ба имзо мерасад.

Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории давлатҳои аъзои СААД баррасӣ шуда, як зумра қарорҳои муҳим қабул хоҳанд шуд.

www.president.tj