17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ кӯдакистони президентии шаҳри Хуҷандро, ки бо тарҳи зебои дар минтақа нотакрору беназир дар майдони се гектар бунёд ёфта, ба як шаҳраки афсонавии кӯдакон мубаддал гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре зикр гардид, ин иншоот бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои ҳазор нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти зебою муҳташам аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Кӯдакон, ки ба 46 гурӯҳи аз 16 то 20-нафарӣ шомил мегарданд, ҳамчунин ба се гурӯҳи синнусолӣ тақсим шуда, аз ҳама хурдсолон дар ошёнаи якум, 4-5-солаҳо дар ошёнаи дуюм ва 6-солаҳо дар қабати сеюми бино ҷойгир карда мешаванд. Дастгоҳу таҷҳизот, утоқҳои машғулиятӣ, бозию дилхушӣ ва хобу фароғат ҳам дар ҳар ошёна мутобиқ ба синну соли кӯдакони ҳамин се гурӯҳ омода гардидааст.
Дар ошёнаи сеюм, ки барои шашсолаҳо пешбинӣ шудааст, синфхонаҳо барои омодасозии онҳо ба мактаб муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин ҷо ба онҳо хондану навиштан ва расмкашӣ меомӯзонанд. Ҳамчунин утоқҳои махсус барои маҳфилҳои рақсу суруду дилхушӣ ва ҳатто барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва асосҳои кор бо компютер мавҷуданд. Утоқи компютерӣ 30 компютер дорад.
Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус бо ҳамин қадар айвонча барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо буда, бо дарахтони сояафкан ва гулу сабзазор оро ёфтааст.
Кӯдакистон ҳамчунин дорои се ҳавзи шиноварӣ мебошад. Яке аз онҳо бо соябонҳо ва курсиҳои махсуси бароҳат дар ҳавлӣ ҷойгир шуда, дутои дигар бо шабакаи гармсозӣ ва обсофкунӣ дар таҳхона қарор доранд.
Барои омӯзишу парастории босифати ҳазор кӯдаки болаёқат ва хизматрасониҳои дигар ба ин ҷо беш аз 260 нафар кормандони соҳибтаҷрибаи корозмуда ба кор ҷалб мешаванд.
Кӯдакистони президентӣ дорои хадамоти махсуси тиббӣ, оташнишонӣ, гармидиҳӣ ва доир ба нигоҳубини гулгашту майдончаҳои ҳавлӣ буда, барои ҳамаи онҳо тамоми шароити зарурии техникию хоҷагидорӣ муҳайё гардидааст.
Дар зимистон ба тамоми биноҳои кӯдакистон ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор хоҳад кард, оби гарм ва гармӣ дода мешавад.
Зимни боздид аз ошхонаю ошпазхонаи ин муассисаи инноватсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба масоили тозагию озодагӣ, талаботи санитарӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ба кӯдакистон аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, ду автобуси чилнафара ва як мошини боркаш ҳадя карда шуд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди беш аз ду ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф ва дигар сохтору муассисаҳои масъули омӯзишу парвариши насли навраси вилоят суханронӣ карда, аз дастовардҳои назарраси Ҳукумати кишвар дар ин самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуд ва ҳамагонро ба омодасозии босифати кӯдакону наврасон ва ҷавонони ояндасози Ватани азизи мо ҳидоят намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки шароити хуби дар ин ва дигар муассисаҳои томактабӣ муҳайёшаванда бояд мавриди истифодаи босамар қарор дода шавад.
www.president.tj