Оғози сафари давлатӣ ба Давлати Кувайт

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Кувайт1

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди Давлати Кувайт шуд.

Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии пойтахти кишвар — шаҳри Алкувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ истиқбол гирифт. Барои истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳи Алкувайт, ҳамчунин Валиаҳди давлат Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ, Муовини аввали Сарвазир, вазири корҳои дохилӣ Шайх Аҳмад ал-Ҳамуд ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Муовини Сарвазир, вазири мудофиа шайх Аҳмад Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал-Маътук ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Маросими истиқболи расмии бахшида ба нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Алкувайт баргузор гардид.

Сарони ду давлат ҳамроҳ ба ин толори бошукӯҳ ворид шуда, сӯйи минбари ифтихорӣ равон гардиданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрии амирӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Кувайт арзи эҳтиром намуд.

Хотиррасон бояд намуд, Давлати Кувайт аввалин давлати арабӣ буд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 ба он ҷо ташриф бурда буд.

Нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ҳам зимни ҳамин сафар бо имзои чор санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ, муҳайё гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ва дигар намояндагони роҳбарии кишвар мулоқотҳои расмӣ анҷом медиҳад.

Имзои қариб даҳ санади нави ҳамкорӣ ҳам зимни ин сафар дар назар аст.

www.prezident.tj