Оғози сохтмони корхонаи бузурги сементбарорӣ дар болои ағбаи «Чормағзак»

№123 (3108) 03.10.2013

1264350_538512802885577_644791238_o

Нимаи дуюми рӯзи якуми октябри соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи «Чормағзак» сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт.

Чунонки аён гардид, ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин «ТОҶЧИН» дар зарфи 8 моҳ бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 49 фоиз сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 51 фоиз сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Чунонки таъкид гардид, беш аз 80 фоиз коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти хитойии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов аст ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд.

Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

www.president.tj