Оғози сохтмони варзишгоҳи марказӣ, мактаби нав ва боғи фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Ваҳдат

№101(3247) 30.08.2014

варзишгох

Субҳи бисту ҳаштуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба шаҳрати Ваҳдат омад.

Нахуст дар яке аз мавзеъҳои зебою фарохи канори шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ ва як мактаб барои 1240 нафар хонанда оғози расмӣ бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, майдони асосии варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии 3,5 гектар бунёд меёбад, дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.

Варзишгоҳи марказӣ ҳамчунин аз майдонҳои хурду миёнаи дигар, толорҳои гуногуни варзишӣ ва толору ҳуҷраҳои таъиноти мухталиф иборат мешавад.

Мактаби нав бошад, барои 1240 нафар хонанда бо навтарин шароити таълиму тарбия бунёд ёфта, аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар толору утоқҳои корӣ иборат хоҳад буд. Ҳамин гуна мактаби замонавӣ барои 1240 нафар хонанда дар деҳаи навбунёди «Истиқлол»-и шаҳри Ваҳдат бунёд меёбад, ки санги асосаш моҳи апрели соли равон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳоло корҳои заминӣ барои оғози сохтмони он бо суръати баланд идома дорад.

Чунонки иттилоъ доданд, айни замон дар шаҳри Ваҳдат 150 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад ва шаш мактаби наву 63 синфхонаи иловагӣ дар ҳоли сохмон қарор доранд.

Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат, ки иншооти сеюми бузург дар ҳамин мавзеъ хоҳад буд, лоиҳааш бо диду нигоҳи нав ва усулҳои замонавӣ таҳия гардидааст.

Ин маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ дорои чойхонаи миллӣ, майдончаҳои бозию дилхушӣ бо атраксионҳои гуногун, фаввораҳои зебо ва дигар унсурҳои зарурӣ мешавад.

Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 3,5 гектар доман паҳн намуда, ба беҳтарин мавзеи сайру гашт ва фароғату дилхушии сокинону меҳмонони шаҳри Ваҳдат табдил хоҳад ёфт.

Муҳлат барои анҷоми сохтмони ин иншоот ду сол, яъне то моҳи сентябри соли 2016 ва рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муайян шуд.

Дар ин шаҳраки навбунёд, ки масоҳати умумиаш 37 гектар мешавад, ҳамчунин 22 бинои истиқоматии аз 9 то 12-ошёна, меҳмонхона бо 300 ҷойи хоб, кӯдакистон барои 340 кӯдак ва иншооти дигар бунёд хоҳад ёфт.

Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бо бунёд ёфтани ин шаҳраки муосир ва дигар иншооти сершумор шаҳри Ваҳдат пас аз чанд соли дигар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

Дар мавзеи сохтмони варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим намоиши бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ ороста шуд, ки басо ҷолибу шавқовар буд.

Чунонки иттилоъ доданд, варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар соли 2014 дар 20 мусобиқаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби 55 медали тилло, 28 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ гардидаанд.

Варзишгарони шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби се медали тилло ва се медали нуқра гардидаанд. Аз ҷумла, Шарифҷон Шукуров соли равон дар чемпионати Осиё оид ба муайтай, яъне бокси тайландӣ сазовори ҷойи якум, соҳиби медали тилло ва чемпиони Осиё шуд. Соли 2013 варзишгари шаҳри Ваҳдат Адҳам Мисоқов чемпиони Осиё оид ба гӯштини тарзи дзюдо гардида, мақоми Устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ҳимоя намуд.

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як мактаби замонавӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст ва як шифохонаи хусусӣ бо 100 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Зимни сафари корӣ ҳамчунин ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии ганҷи дастони аҳли заҳмати деҳот ва ҳолати заминҳои кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

www.president.tj