Ошноӣ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳияи Ҳисор

№96 (3242) 15.08.2014

музей

Дар маркази ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Қасри фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳиявӣ шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, бинои сеошёнаи Қасри фарҳанги Ҳисор аз як толори калони дорои 700 ҷойи нишаст ва толору утоқҳои зиёди дигар иборат буда, бо харҷи 17,3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 гектар бунёд меёбад. Барои сохтмон ва таҷҳизи он аз ҷониби ҶДММ «Монолит»-и шаҳри Душанбе 70 нафар ба кор ҷалб карда шудааст.

Китобхонаю Осорхонаи ноҳияи Ҳисор бошад, ҳар ду бо харҷи 15 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд. Дар сохтмони онҳо қариб 100 нафар бинокорон бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Биноҳои Қасри фарҳанг ва Китобхонаю Осорхонаи ноҳияи Ҳисор ба ҳам наздик сохта шуда, майдони миёни онҳо тибқи супоришу маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гулу гулзор ва фаввораҳои рангоранг ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

www.president.tj