Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия

№69 (3215) 26.06.2014

2 (3)

Маросими истиқболи расмӣ дар Малайзия

Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия субҳи рӯзи 23 июни соли 2014 бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали кишварро Подшоҳи Малайзия — волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Сарвазири кишвари мизбон Наҷиб Абдурраззоқ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ба болои минбари подшоҳӣ гузаштанд ва Сурудҳои миллии ду кишвар садо дод. Минбаъд маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон,  гузашти сарони ду давлат аз назди сафи Горди фахрӣ ва арзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва Ливои кишвари мизбон ҷараён гирифт. Сипас, фармондеҳи Горди фахрӣ аз анҷоми маросим гузориш медиҳад ва бори дуввум садои Сурудҳои миллии ду кишвар танинандоз мегардад. Дар ин ҳангом ба ифтихори нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ҳамчунин аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда мешавад.

Сипас, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб муаррифӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми маросими истиқбол Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Шоҳбону Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро ба меҳмонхонаи иқомат ва зиёда аз он то хонаи зисташон гусел карда, эҳтирому самимияти олии меҳмондорӣ нишон доданд.

 Ҷараён ва натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Малайзия

Рӯзи 23 июни соли 2014 масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ баррасӣ шуд.

Суҳбати судбахш дар мулоқоти хосса оғоз ёфта, сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ низ ҳавасмандии амиқи Малайзияро ба ташкил ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Малайзия дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба рушди босуботи иқтисодии кишвари шумо мусоидати фаъол намоем».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои тараққикардаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва хусусан Малайзияро «аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номид.

Доир ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Барои таҳкими бештари муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи робитаҳо муҳайёсозии заминаи қавии қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳар чӣ зудтар таъсис додани комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур дониста шуд.

Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҷавобии давлатӣ ташриф биёрад.

Наҷиб Абдурраззоқ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ ва боздид аз Тоҷикистон хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳими густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид.

Аз рушди намоёни ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд.

Ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи энергетика, аз ҷумла барои сохтмони як маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, оғозбахши робитаҳои фарохи иқтисодию сармоягузории ду кишвар номида шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳавасмандии ҳар ду ҷониб таъкид гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳо ба имзо расиданд, ки ба нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Малайзия асос мегузоранд.

Нахуст зери Баёнияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ имзо гузоштанд.

Санадҳои дигари имзошуда:

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Малайзия.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар ҳавасмандии ду кишвари дӯстро ба густариши бештари робитаҳои судбахш таъйид намуданд.

Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ муносиботи Тоҷикистону Малайзияро дорои ояндаи умедбахш номида, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Малайзия ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои судбахш бо Тоҷикистон амиқан ҳавасманд аст».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Ҳар ду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯйи комили манфиатҳои дарозмуддати мардумони мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Осиё мебошад».

Мулоқот бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам

Бегоҳии рӯзи 23 июни соли 2014 дар қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуд.

Подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро истиқбол гирифта, ба толори мулоқотҳои хосса даъват намуданд.

Миёни онҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи Тоҷикистону Малайзия гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аз баргузории аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ва муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд.

Арзи боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои ду кишвари дӯст густариши фарох пайдо мекунанд, зеро то имрӯз ҳам миёни Тоҷикистону Малайзия ҳамкории судманд, хусусан дар соҳаи таҳсилоти олӣ, ба назар мерасад.

Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.

***

24 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, омада, бо дастовардҳои намоёни маркази бузурги маъмурии ин кишвари мутараққии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бевосита шинос шуд.

Шиносоӣ бо шаҳри Путраҷая асосан дар Корпоратсияи Путраҷая тавассути брифинг сурат гирифт.

Тавре иттилоъ доданд, бунёди шаҳри Путраҷая соли 1996 оғоз ёфта, сабаби асосии ба миён овардани пойтахти нав суръати баланди афзоиш ва зичии аҳолӣ дар шаҳри Куала-Лумпур будааст.

Путраҷая, асосан маркази маъмурии Малайзия буда, то имрӯз аллакай аксари кулли вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои марказии давлатӣ, аз ҷумла қароргоҳи кории Сарвазири кишвар, аз шаҳри Куала-Лумпур ба ин ҷо кӯчонда шудааст. Ба хотири ба ҳолати Куала-Лумпур гирифтор нашудани Путраҷая дар ин шаҳр биноҳои истиқоматии аҳолӣ қариб вуҷуд надоранд.

Зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои судманд ду ҷониб ба қарор омаданд, ки дар шаҳри Путраҷая Сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Ҷониби Малайзия изҳор дошт, ки то бунёд ёфтани бинои алоҳида онҳо ба сафорати мо қароргоҳи муваққатии иҷоравӣ пешкаш мекунанд ва се соли аввал бе пардохти иҷорапулӣ. Дар баробари ин, барои бунёди бинои алоҳидаи Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия замин ҷудо карда шуд, то ки дар муддати кӯтоҳ ин кор анҷом дода шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳамин рӯз эътиборан Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия кори худро шурӯъ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз замине, ки барои бунёди сафорат ҷудо шуд, дидан кард, ки масоҳати он беш аз як гектар аст. Тавре аён гардид, он дар беҳтарин мавзеи маркази шаҳри Путраҷая қарор доштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷониби Тоҷикистон дастур дод, ки сохтмони бино бетаъхир оғоз ёбад.

Шиносоӣ бо шаҳри Путраҷая ҳамчунин дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии он идома ёфт.

Имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Донишгоҳи Лимкоквинги шаҳри Путраҷая бо устодону донишҷӯёни он ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот доир мекунад. Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок хоҳад кард.

 Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик

Бисту чоруми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Сайберҷаяи Малайзия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсил мекунанд, мулоқот доир намуд.

Дар даромадгоҳи донишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ва дигар донишгоҳҳои Малайзия ба хотири сифати олии таълиму тарбия намояндагони 160 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Сарварони як қатор кишварҳо ва шахсиятҳои сершумори маъруфи ҷаҳон аз Донишгоҳи Лимкоквинг дидан карда, бо устодону донишҷӯёнаш мулоқот намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо роҳбари Донишгоҳи Лимкоквинг Тансри доктор Лим Кок Винг мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории феълӣ ва ояндаи Тоҷикистон бо ин донишгоҳ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, ин донишгоҳ  8 ҳазор донишҷӯй дорад ва 80 фоизи онҳо аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳамин донишгоҳи Малайзия наздики 40 донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар беш аз 200 нафар тоҷикон илм меомӯзанд.

Пас аз анҷоми мулоқот доир ба густариши ҳамкории минбаъда миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он оянда филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон бунёд хоҳад ёфт.

Дар оғози мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик роҳбари донишгоҳ суханронӣ намуда, ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил, таҳким ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия, тарғиби фарҳанги сулҳу амонӣ, гуфтугӯйи тамаддунҳо ва дипломатияи обӣ дар арсаи ҷаҳон баҳои баланд дод.

Сипас, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг доир ба сарфароз намудани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ қироат карда шуд, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷ, хусусан аз ҷониби донишҷӯёни сершумори тоҷик, истиқбол гирифта шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба роҳбарияти Донишгоҳи технологияҳои нави  Лимкоквинги Малайзия барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, ин амалро қадршиносии ҷомеаи ин кишвар  аз мардуми шарифи Тоҷикистон номид.

Бо истифода аз фурсати ғанимат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни тоҷикро ба омӯзиши амиқу васеи илму техникаи муосир ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки «аз имконоти фарохи илмомӯзӣ дар ин донишгоҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба истифода баред, фурсати ғанимати донишандӯзиро аз даст надиҳед».

 Иштирок дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия

Нимаи дуюми рӯзи 24 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия наздики 300 нафар аз ду ҷониб иштироки фаъол доштанд.

Анҷуманро вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад ифтитоҳ намуда, суханро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти кишвар шахсан ва бевосита имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардидааст, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд. Фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сол ба сол беҳтару ҷолибтар мешавад.

Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ  анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.

www.president.tj