Сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор

№96 (3242) 15.08.2014

Хисор

Субҳи понздаҳуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти сершумори ба истиқболи солгарди 3000-уми Ҳисор бунёдёбанда ва ифтитоҳи як зумра иншооти омодашуда ба ин ноҳия ташриф овард.

Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор аз рафти сохтмони варзишгоҳи бузург, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, маҷмааи Мактаби президентӣ ва чойхонаи миллӣ оғоз ёфт.

Зимни ин боздид Президенти кишвар ҳамчунин бо рафти сохтмони қасри фарҳанг, китобхона ва осорхонаи ноҳиявӣ, эҳёи қалъаи Ҳисор ва ҳам навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуда, ду маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонӣ, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 хона ва як корхонаи хишти дорои иқтидори шабонарӯзии 320 ҳазор дона хишти хушсифати пухтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз чанд хоҷагии кишоварзии ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла аз боғи суперинтенсивии себ, ки нисбат ба боғҳои бобоӣ 3-4 баробар зиёд ҳосил медиҳад, дидан карда, бо корҳои намунавии боғдорӣ ва зироаткорӣ бевосита шинос мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ташаббускори ин ноҳия барои тезондан ва вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва омодагии сазовор дидан ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн, ки моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад, дар ин ноҳия наздики 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд ёфта, маркази он ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ табдил меёбад.

www.president.tj