Сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

Ҳаштуми майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Россия ва Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Россия ва Қирғизистон

IMG_7124 

Ҳаштуми майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Россия ва Қирғизистон вориди шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуд.

Сарони давлатҳо дар Маркази миллии идораи мудофиаи Россия ҷараёни машқҳои низомии қӯшунҳои ҳарбии гуногуни давлати Россияро аз минтақаҳои мухталифи ин кишвар тавассути мониторҳо тамошо намуданд.

Дар мулоқот доир ба масоили умдаи вобаста ба авзои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯй сурат гирифт. Аз вазъи номатлуби кунунӣ дар Украина ва ҳамчунин Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

«Мо ҷонибдори онем, ки буҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез ва тавассути гуфтугӯю муколамаи созанда ҳалли худро ёбад», — изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳамгироӣ доир ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон низ, аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки нақшаҳои қаблан мувофиқашуда доир ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бояд дар амал татбиқ шаванд.

Табодули назар ҳамчунин доир ба бисёр масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj