Субҳи рӯзи сеюми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносойии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
ШИНОСОЙӣ БО КОРИ ГИМНАЗИЯИ ХОНАНДАГОНИ ЛАЁҚАТМАНДИ БА НОМИ АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат бо рафти таълиму тарбияи насли наврас бевосита шинос шуд.
Тавре аён гардид, ин гимназияи дорои анъанаҳои шуҳратманди шаҳри Ваҳдат соли 2012 бо харҷи 2,7 миллион сомонӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, бинои дуошёнаи он ба сеошёна табдил дода шудааст. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 300 нафар хонанда бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шудаанд.
Гимназия дорои 20 синфхона аст ва 14- тои он синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ мебошанд. Ду синфхона барои ҳунаромӯзии духтарон ва писарон махсус гардонида шудааст.
Чунонки иттилоъ доданд, аксари хатмкардагони ин гимназия ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар шомил гардида, бо нишондодҳои баланд таҳсили илму маърифат мекунанд.
Маҳсули эҷод ва ихтирооти хонандагон ва чанде аз хатмкардагони ин боргоҳи маърифат дар ошёнаи якуми бино ба маъраз гузошта шуда буд, ки мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.
ИФТИТОҲИ КОХИ МАЪРИФАТИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои навбунёди Кохи маърифат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки аён гардид, дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат толори бузурги маҳфилҳои фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, ду толори махзани китоб, толори калони китобхонӣ, чопхонаи дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ба табъ расондани маводи гуногуни чопӣ, утоқҳои кории бахши занон ва ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, коргоҳҳои рӯзномаи маҳаллии «Шаҳриёр» ва маҷаллаи «Бахтофарон»-и Ваҳдат ва шуъбаи Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи намояндагони шоирону нависандагон ва дигар зиёиёни эҷодкори кишвар бо шароити кору эҷод дар ин муассисаи фарҳангу маърифат бевосита шинос шуда, ба тарҳи биноҳо ва сифати сохтмону таҷҳизот баҳои баланд дод.
БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ХУРДИ САНОАТИИ МЕБЕЛ, ОҲАНГАРӣ ВА ДӯЗАНДАГӣ
Дар шаҳраки Андигони шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори пурсамари корхонаи хурди саноатии мебелсозӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ шинос шуд.
Тавре аён гардид, дар ин корхона беш аз 70 нафар ҷавонону духтарон соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Дар ошёнаи якуми корхона коргоҳҳои мебелсозӣ ва оҳангарӣ ҷойгир шуда, дар ҳар яки он даҳнафарӣ ҷавонон ба кору ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.
Дар коргоҳи мебелсозии он асосан навъҳои гуногуни мебелҳое сохта мешаванд, ки арзиши гарон надошта, барои оилаҳои камбизоат ва миёнаҳол пешбинӣ шудаанд.
Даҳ нафар ҷавонон, ки дар коргоҳи оҳангарӣ машғули коранд, дар ин ҷо ҳам ҳунар меомӯзанд ва ҳам маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, 700 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.
Онҳо дар ин ҷо аз оҳан дару дарвоза, панҷара, симтӯр, мех ва бисёр маҳсулоти дар сохтмон васеъ истифодашаванда истеҳсол мекунанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ бошад, ки дар ошёнаи дуюми корхона ҷойгир шудааст, 50 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Онҳо дар ин ҷо ба дӯхти либосвории гуногун, аз ҷумла барои мактаббачагону табибон, коргарони касбу кори гуногун, арӯсу домод, болопӯшҳои ҷойхоб ва ғайра машғул буда, ҳамчунин ҳунари гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 3 октябри соли 2013 бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ин шаҳр мулоқоти ошкорою самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат ва нақши мардуми заҳматнописанди онро дар пешрафту шукуфойии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои ояндаро барои тараққиёти бештар муайяну мушаххас намуд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин зимни посух ба суолу дархостҳои мардум барои бартараф намудани мушкилоти онҳо дода шуд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бояд даҳҳо километр роҳҳои маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Ваҳдат навсозӣ шуда, бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагии дигар анҷом дода шаванд.
www.president.tj