Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод

№121-122 (3106-3107) 01.10.2013

Нимаи дуюми рӯзи 26 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони ноҳия бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз шиносойӣ бо фаъолияти назарраси хоҷагиҳои намунавии инфиродӣ, маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар мавзеи Сари қоши деҳоти «Хумдон» оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони кишти ин навъи зироат дар ноҳия сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Деҳқонон имсол заминҳои кишти картошкаро ба беш аз 800 гектар расонидаанд, ки ин дар роҳи татбиқи Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас хоҳад дошт. Сарвари давлат зимни боздид аз картошказори хоҷагии деҳқонии «Одина», ки бо дастҷамъии як хонавода пеш бурда мешавад, бо деҳқонон ва хоҷагидорону масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона ва истифодаи мақсадноки ҳар порча замин ҳидоят намуд. Айни ҳол аз самараи меҳнати заҳматкашони хоҷагии мазкур иқтисодиёти панҷ оила таъмин гардида, маҳсулоти тару тоза ҳамзамон дар бозорҳо ниёзи сокинону шаҳрвандонро ба маҳсулоти хушсифат қонеъ мегардонад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин майдон қаблан ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода гардида, дар он танҳо ғалладона ва хӯроки чорво кишт карда мешуд. Бо мақсади таъмини ҳосилхезии заминҳои ин мавзеъ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 18 километр ҷӯйбор аз нав барқарор карда шуд.

Дар ин замина обёрии қисми зиёди заминҳои деҳаи Хумдон тариқи пойгоҳҳои обкашӣ аз канали 50 -солагии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар самти истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корам барои деҳқонон имконоти фаррохро муҳайё намудааст.

Ин аст, ки айни ҳол дар заминаи фаъолияти хоҷагиҳои инфиродию деҳқонӣ танҳо дар мавзеи Сари қоши деҳоти «Хумдон»-и ноҳияи Нуробод дар майдони 160 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст ва аллакай ҳосили фаровони он зина ба зина ҷамъоварӣ мегардад.

Тибқи нишондоди пешакӣ, ҳосилнокии заминҳои киштшуда то ба 300 сентнерӣ мерасад. Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ ҳар чӣ бештар майдони кишти картошка ва боғро васеъ намуда, бозорҳои маҳаллию ҷумҳуриро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин созанд.

Дар деҳоти «Хумдон»-и ноҳия Нуробод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии боғпарварии «Деҳқон» ташриф оварда, бо маҳсули меҳнати назарраси заҳматкашони ин хоҷагӣ низ шиносойӣ пайдо кард.

Дар боғи мазкур, ки яке аз хоҷагиҳои намунавии ноҳия аст, дарахтони мевадиҳандаи навъи ноку себ, олу, шафтолу, зардолу ва ғайра парвариш карда мешавад.

Тавре аён гардид, боғ дар майдони наздики ду гектар аз ҷониби деҳқони асил Нусратулло Сангов бунёд гардидааст ва мавсуф ҳамасола аз ҳисоби самараи он даромади зиёд мегирад.

Сарвари давлат зимни шиносойӣ бо фаъолияти боғпарварон аз фаровонии ҳосили дарахтон изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин замина дар самти боз ҳам боло бурдани натиҷаи корӣ ба заҳматкашон доир ба истифода ва парвариши ниҳолҳои серҳосил ҳидоятҳои судбахш дод.

Қисмати аввали боғ дар хоҷагии «Деҳқон» ҳанӯз соли 2003 бунёд гардидааст. Айни ҳол дар заминаи боғи мазкур аз ҷониби заҳматкашон дигар намуди фаъолияти кишоварзӣ низ пеш бурда мешавад.

Бо дарназардошти даромаднокӣ ва рӯйпӯш намудани хароҷот, хоҷагидорон парвариши занбӯри асалро ба роҳ монда, дар бахши занбӯриасалпарварӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Бино ба иттилои деҳқонон рушди занбӯриасалпарварӣ дар ҳудуди майдони боғот барои ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Аз ин ҷост, ки хоҷагидорон ҳамасола аз боғи мазкур беш аз 15 тонна мева ва аз 50 оилаи занбӯри асал зиёда аз як тонна асали хушсифат ҷамъоварӣ намуда, ба бозори минтақа ва берун аз он содирот мекунанд.

Дар ин хоҷагӣ Роҳбари давлат доир ба рушд ва васеъ ба роҳ мондани занбӯриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Айни ҳол хоҷагидорон аз ҳосил ва самараи меҳнати хеш ҳавасманд гардида, бо шинонидани ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда масоҳати боғро сол то сол зиёд намуда истодаанд.

Қисмати дуюми боғи мазкур навбунёд буда, ниҳолҳои он соли аввал аст, ки ба ҳосил даромадааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри фаъолияти натиҷабахш ва парвариши сифатноки дарахтони мевадиҳанда ба деҳқонон тавсияҳои муфид дод.

Ҳамзамон, бо дарназардошти боз ҳам бештар намудани истеҳсоли мева дар ноҳия, таъкид намуд, ки майдони боғҳои куҳна низ аз нав барқарор ва фаровонии бозорҳои кишвар бо меваи тару тозаи ин минтақа таъмин карда шавад.

 

Ифтитоҳи мактаби нав бо тарҳу усулҳои муосири меъморӣ дар ноҳияи Нуробод

1267324_536517899751734_208538838_o

26 сентябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Хумдон»-и ноҳияи Нуробод бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи нави таълимӣ, ки бо риояи тарҳу усулҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст, расман оғоз бахшид.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 –и ноҳияи Нуробод дар заминаи мактаби куҳна, ки мактаби асосӣ маҳсуб меёфт ва толибилмон дар он то синфи 9-ум ба таълим фаро гирифта мешуданд, бунёд ёфтааст.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳавои фаннӣ, компютерӣ ва толори варзишию дигар утоқҳои корӣ мебошад. Сарвари давлат бо шароити таълимӣ ва сифати корҳои сохтмонии дабистон, ки он аз ҷониби ҶДММ-и «Сур-Саф» сохта шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Тавре аён гардид, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Нуробод бо фармоиши Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаҳои зериобшавандаи Роғун» барои 330 нафар хонанда дар як баст бо маблағи 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба истифода додани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 мушкилоти чандинсолаи кӯдакону наврасони деҳоти «Хумдон»-ро бартараф намуд. То бунёди чунин муассисаи наву замонавии илмомӯзӣ фарзандони ин деҳа барои таълим масофаи 4-5 километрро тай менамуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро ба таҳсили хубу намунавӣ ва омӯзиши технологияи муосиру забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба масъулин дастур дод, ки ба сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар саҳни мактаби навбунёд Президенти мамлакат бо хонандагону омӯзгорон мулоқот намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз ин шароити фароҳамгардида истифода намоянд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя карда, барои дар амал татбиқ намудани он мусоидат намоянд.

 

Иштирок дар оғози сохтмонии Коллеҷи муҳандисӣ – техникии ноҳияи Нуробод

27 сентябри соли 2013 дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, шаҳраки Дарбанд нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Коллеҷи муҳандисӣ – техникӣ оғози расмӣ бахшид.

Ин муассисаи таълимӣ дар асоси фармоиши Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳати он 3,7 гектар мебошад.

Зимни шиносойӣ бо лоиҳаи Коллеҷи муҳандисӣ – техникӣ Президенти мамлакат ба масъулин супориш дод, ки шумораи ҷойҳои нишастро дар биноҳои таълимӣ зиёд карда, ба 640 нафар расонанд ва бунёди хобгоҳро барои 500 нафар ба роҳ монанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки тибқи талаботи бозори меҳнат дар коллеҷи мазкур мутахассисонеро омода кунанд, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар дошта бошанд.

Дар заминаи ин муассисаи касбомӯзӣ иморатҳои иловагӣ, аз ҷумла ошхонаву маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва таълимӣ сохта шуда, дар он бунёди бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурӣ, китобхона бо утоқҳои корӣ ва хазинаи китоб, синфхонаҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ ва се синфхона ва озмоишгоҳҳои илмию техникӣ низ бунёд мегардад.

Бинои ҷамъиятӣ аз ду ошёна — ошхона барои 400 ҷой, дар ошёнаи дуюм толори маҷлисӣ, ҳуҷраҳои алоҳидаи санитарӣ, ҳаммом, утоқҳои либоспӯшии мардона ва занона, толори фитнес бо се даромадгоҳи алоҳида бунёд карда мешавад.

Сарвари давлат бунёди Коллеҷи муҳандисӣ -техникиро идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод маънидод карда, таъкид намуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат Нуробод ба як шаҳри замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

 

Раёсати молияи ноҳияи Нуробод дорои бинои нав гардид

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияи ноҳияи Нуробод мавриди истифода қарор гирифт.

Кормандони Раёсати молияи ноҳияи Нуробод минбаъд дар бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуривӣ бунёд ёфтааст, фаъолият хоҳанд кард.

Корхои сохтмонии бинои Раёсати молия дар қабати рости бинои асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод аз соли 2009-ум оғоз гардида, дорои 11 утоқи замонавии кории муҷаҳҳаз бо техникаву дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.

Дар саҳни бинои Раёсати молия аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар кӯдакони яктим ва оилаҳои ниёзманд кӯмак расонида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ ҳидоят кард.

 

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Нуробод

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ифтитоҳи Маркази савдо 2

Дар ноҳияи Нуробод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд. Кишоварзону ҳунармандон намунаи маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.

Президенти кишвар бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд.

Зикр карда шуд, ки таъминоти амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва кишвар бевосита аз фаъолияти босамари деҳқонон вобастагӣ дорад. Кишоварзони ноҳияи Нуробод имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳои мавҷуда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Маркази савдои «Сиёвуш», ки аз ҷониби соҳибкори шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Сайфиддин Убайдов бунёд шудааст, ба истифода супорида шуд.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағозаи хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор ва як дорухона бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, толори барҳавои дӯзандагӣ, ки ифтитоҳ ёфт, дар он беш аз 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.

Баробари ба фаъолият шуруъ кардани ин маркази савдо 25 нафар сокини ноҳияи Нуробод бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Занону духтарон баъд аз худ намудани касби дӯзандагӣ дар навбати аввал ба духтани либосҳои мактабӣ машғул хоҳанд шуд.

Сарварии ин коргоҳи дӯзандагиро як нафар сокини ноҳияи Нуробод Сафармоҳ Мардонова ба уҳда гирифтааст, ки худ дар духтани либосҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад. Дар самти омода кардани дӯзандагони касбӣ аз ҳисоби занону духтарон дар ин коргоҳ имконият аст, ки боз 10 нафари дигар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва ҳамин тариқ боз ҷойҳои кори иловагӣ муҳайё хоҳад шуд.

Зимни боздид аз ин марказ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ташаббуси соҳибкорзан баҳои баланд дода, амалӣ кардани чунин тадбирро барои ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони ноҳияҳои мамлакат муҳим арзёбӣ кард.

 

Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Нуробод

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод мулоқот намуда, дастовардҳои ноҳия ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Аз ҷумла таъкид намуд, ки бо мақсади таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 356 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин дар доираи амалисозии чор лоиҳаи сармоягузории баанҷомрасида дар соҳаи маориф ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ се лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву роҳсозӣ ва рушди кишоварзӣ, ки татбиқи онҳо идома дорад, беш аз 124 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Зикр карда шуд, ки барои суръат бахшидан ба корҳои ободонии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017» қабул гардида, тибқи он анҷом додани як силсила чорабиниҳои созандаи навбатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Аз ҷумла дар доираи татбиқи амалии барномаи мазкур сохтмони 18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, мактаб-интернат ва коллеҷи муҳандисиву техникӣ, иншооти обу корези ноҳия, толори маҷлисгоҳ, боғ ва кохи фарҳанг, китобхона, инчунин толору майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин замина Президенти кишвар доир ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Нуробод, таъмини ҳадафҳои боло бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки дар натиҷаи меҳнати содиқона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба вуҷуд меоянд, дастуру ҳидоятҳо дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти имконоти табиии мавҷуда ва шароити фаррохи соҳаи кишоварзӣ доир ба рушди боғдорӣ ва зиёд намудани масоҳати кишту истеҳсоли картошка тавсияҳои муфид дод.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои мардум посухҳои мушаххас дода, ба масъулин барои оянда дастуру супоришҳо дод.

www.president.tj