Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

1267672_543491329054391_1174947777_o

12 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба деҳоти «Чоркўҳ» ва «Сурх»-и шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.

Зимни боздид аз ин деҳот аз ҷумла як мактаб барои 720 нафар хонанда дар ду баст, ду варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва ду коргоҳи дўзандагӣ мавриди истифода қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия бевосита шинос шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи  марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, ду маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дўхти либос ва пойафзол ва филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро ифтитоҳ намуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ЛАНГАРИ ДЕҲОТИ «ЧОРКЎҲ»-И ШАҲРИ ИСФАРА

12 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд ба деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.

Нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лангари ин деҳот, ки беш аз 7 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, мактаби нави сеошёна барои 720 нафар хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, деҳаи Лангар яке аз маҳаллаҳои калонтарини деҳоти «Чоркўҳ» буда, аз замони шўравӣ то имрўз дар он мактаб вуҷуд надоштааст. То имрўз наздики 1800 нафар хонанда 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари Бозор мерафтанд.

Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то ки наздики 1,5 ҳазор хонанда дар ду баст фаро гирифта шавад.

ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ҲАБДАҲУМ КОРГОҲИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК ВА ДУ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар деҳаи «Навобод»-и деҳоти «Чоркўҳ» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии «Қадр» ифтитоҳ ёфт.

Чунонки аён гардид, бинои ин марказ аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он коргоҳи хурди коркард ва бастубанди меваи хушк ҷойгир шудааст.   Дар ин коргоҳ дар як шабонарўз беш аз 3 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад, 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Абдурофеъ Қосимов, ки ин маркази истеҳсолию хизматрасониро бунёд намудааст, аллакай барои содироти меваи хушк бо давлатҳои Беларус, Полша ва ҷумҳуриҳои назди Балтика созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки имсол то охири сол дар Исфара 10 — то чунин корхонаи нав мавриди истифода қарор мегирад ва шумораи умумии онҳо ба 22 адад мерасад. Тавре иттилоъ доданд, иқтидори миёнаи солонаи ҳар яки онҳо 1,5 ҳазор тонна буда, ба ҳисоби миёна 50 нафарӣ дар онҳо кор мекунанд.

Дар ду ошёнаи дигари  Маркази истеҳсолию хизматрасонии «Қадр» ду коргоҳи дўзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар ҳар яке 25 нафарӣ занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо маслиҳати Сарвари давлат  соҳибкор Абдурофеъ Қосимов изҳор дошт, ки дар ин ду толор боз 20 ҷойи нави корӣ муҳайё сохта, пеш аз ҳама дўхти либосҳои мактабиро барои хонандагони мактабҳои деҳоти «Чоркўҳ» ба роҳ мемонад.

Дар ин коргоҳҳо, мутобиқи талаботи мардум, ҳамчунин дўхти дигар намуди либосворӣ ба роҳ монда мешавад.

ЯК ВАРЗИШГОҲ ВА ДУ ТОЛОРИ ВАРЗИШӣ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Дар маркази деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, ин варзишгоҳ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов дар давоми 9 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ин соҳибкор моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ барои сохтмони ин варзишгоҳ замин дархост карда буд. Дархосташ он рўз қабул шуд. Дар натиҷа, чунин варзишгоҳи бошукўҳ дар ин гўшаи дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боиси шодию нишоти дўстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ин минтақа гардид.

Толорҳои варзишгоҳ, яке барои намудҳои гуногуни гўштӣ, каратею таэквон-до, дигар навъҳои задухурдҳои шарқӣ ва толори дуюм барои обутоби бадан, бо олоту дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз гардидааст.

Майдони калони варзишгоҳ барои чорабиниҳои бузурги варзишию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми деҳоти «Чоркўҳ», ки дар ин варзишгоҳ гирд омада буданд,  суханронӣ намуда, пеш аз ҳама ба соҳибкори ин иншоотро бунёднамуда арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, то имрўз дар қаламрваи ҷумҳурӣ беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст. 316 — тои ин иншооти варзишӣ дар вилояти Суғд сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар майдони калони варзишгоҳ аҳли фарҳанги деҳот барномаи бошукўҳи фарҳангӣ намоиш доданд, ки бо завқу салиқа ва самимияти басо баланд омода гаштааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОНИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЧОРКЎҲ»-И ШАҲРИ ИСФАРА ШИНОС ШУД

Дар хоҷагии деҳқонии «Чоркўҳ»-и деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши аҳли заҳмати он шинос шуд.

Тавре аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ ҳар ваҷаб замини корамро пурсамар истифода мебаранд. Дар миёни қаторҳои боғи навбунёд ғаллаи тирамоҳӣ кишт намудаанд ва умед доранд, ки аз ҳар гектараш 82 сентнерӣ ҳосили гандум мебардоранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Исфара, хусусан деҳоти «Чоркўҳ», зиёдтарин ҳосили ғалладона дар ҷумҳурӣ рўёнда мешавад.

Кишти такрорӣ низ васеъ ба роҳ монда мешавад. Аз ҳар гектар мошу лўбиё, ки кишти такрорӣ аст, умеди бардоштани 11 сентнерӣ ҳосил доранд.

Аз шиносойӣ бо боғи навбунёди себи тирамоҳии хубонӣ аён гардид, ки ин намудҳои себ низ дар деҳоти «Чоркўҳ» хуб парвариш меёбанд. Дар миёни қаторҳои ин боғ низ ғалладона кишт намудаанд, ки ҳосилаш фаровон хоҳад буд.

Дар ин ҷо кишоварзони деҳот маҳсули заҳмати худро ба маърази тамошо гузоштанд. Тавре аён гардид, аҳли заҳмати деҳоти мазкур дар парвариши навъҳои гуногуни меваю сабзавот, коркарди саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар таҷрибаю маҳорати ибратомўз доранд.

ВАРЗИШГОҲИ НАВ ДАР ДЕҲОТИ «СУРХ»-И ШАҲРИ ИСФАРА

Дар деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи бошукўҳ ифтитоҳ ёфт.

Тавре аён гардид, ин варзишгоҳ  дорои майдони калони варзишӣ бо чор ҳазор ҷойи  нишаст барои тамошобинон  ва толори зебои обутоби бадан ва дигар толору утоқҳои зарурӣ аст.

Ин иншооти варзишӣ, ки боиси шодию нишоти наврасону ҷавонон ва ҳама дўстдорони тарзи ҳаёти солим дар ин деҳот гардидааст, бо харҷи ду миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Мухтор Ҳомидов ва Сахиюлло Азизов дар муддати кўтоҳ бунёд ёфтааст.

Кунун роҳбарият ва мардуми ин деҳот имкон доранд, ки дар варзишгоҳ на танҳо чорабиниҳои васеи варзишӣ, балки тантанаҳои оммавии фарҳангиро низ ба роҳ монанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин варзишгоҳи зеборо ба мардуми деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфара табрику таҳният гуфта, ба соҳибкорони онро бунёднамуда барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар тарбияи варзишгарони номбардори давлату миллат арзи сипос кард.

 КУШОДАШАВИИ СЕ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ ИСФАРА

Нимаи дуюми рўзи 12 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, се корхонаи истеҳсолиро ифтитоҳ намуд.

Дар оғози боздид аз шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии «Ҷаҳони нав» расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ доданд, ин бинои сеошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат  Деҳқонов бунёд ёфта, дар он ҳоло 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаҳои якум ва сеюми бино толору утоқҳои махсус барои ташкили курсҳои омўзиши технологияҳои  компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Аз донишу малакаи баланди забондонӣ ва кори толибилмон бо технологияҳои муосири иттилоотӣ аён аст, ки таълиму тарбия дар курсҳои омўзишии ин марказ бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино коргоҳи дўзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 35 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Аз ҷониби дўзандагони коргоҳ танҳо ҳамин сол 4000 адад либоси мактабӣ дўхта шудааст. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки шумораи ҷойҳои корӣ дар ин толор ба 100 адад расонда шавад, зеро масоҳати он хеле калон аст. Дар ин сурат шумораи ҷойҳои корӣ дар ин бино ба 265 хоҳад расид.

Соҳибкорзани маҳаллӣ Салима Исматова, ки ин толорро ба иҷора гирифта, ин коргоҳи дўзандагиро ташкил додааст, ҳамчунин тасмим дорад корхонаи шахсии худро тармиму навсозӣ карда, боз як коргоҳи дўзандагӣ бо 100 ҷойи дигари корӣ таъсис диҳад.

Дар ин толор бо ибтикори ин модари кордон дўхти либоси мактабӣ, либосҳои гуногуни мардонаю занона, аз ҷумла барои арўсон ва пўшишҳои идонаю ҷашнӣ ба роҳ монда шудааст.

Сипас, дар маркази шаҳри Исфара боз як Маркази истеҳсолию хизматрасонӣ бо номи «Ҳабиб» ифтитоҳ ёфт.

Ин бино ҳам сеошёна буда, дар зарфи ду сол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мухтор Аъзамов бунёд ёфтааст. Дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаи якуми ин бино аз ҷониби соҳибкори иҷорашин Садриддин Сироҷов коргоҳи дўхти пойафзоли пашмин ба роҳ монда шудааст, ки қариб кулли маҳсулоти истеҳсолкардааш ба минтақаҳои шимоли Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои зимистонаш сарду хушк содирот карда мешавад.

Дар ин коргоҳ 35 нафар ба кор ҷалб шуда, бо иқтидори кунуниаш дар як сол қариб 40 ҳазор ҷуфт чунин пойафзол истеҳсол мекунад. Ояндаи наздик иқтидори ин коргоҳ  қариб ба 200 ҳазор ҷуфт дар як сол расонда хоҳад шуд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино коргоҳҳои дўзандагии соҳибкорзан Раъно Маҳмудова ҷой гирифтаанд, ки дар онҳо 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Тавре зикр гардид, маоши дўзандаҳо аз 700 то 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раъно Маҳмудова иттилоъ дод, ки оянда як бинои алоҳида барои корхонаи дўзандагӣ бунёд намуда, беш аз 150 нафар занону духтаронро ба кори доимӣ ҷалб хоҳад кард.

Иншооти сеюми истеҳсолӣ, ки дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, корхонаи коркарди меваи хушки соҳибкор Фахриддин Қурбонов буд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин корхона ҳар моҳ то 300 тонна ва дар як сол беш аз 3600 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад. Дар ин корхона 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар паҳлуи ин корхона соҳибкори дигари маҳаллӣ Анвар Шералиев се сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавоти тару тоза бунёд намудааст, ки дар ҳар яке 100 тоннагӣ маҳсулот нигоҳдорӣ мешавад.

Ин соҳибкор бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифт, ки то соли оянда барои ду ҳазор тонна меваю сабзавот сардхонаи муосир бунёд менамояд. Тавре зикр гардид, талабот ба сардхонаҳо дар шаҳри Исфара хеле зиёд аст.

ФИЛИАЛИ 86-УМИ ҶСК «ТОҶИКСОДИРОТБОНК» ДАР ШАҲРИ ИСФАРА

Дар маркази шаҳри Исфара аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали 86-уми ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аз ин бинои нави боҳашамат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар он бо дарназардошти ошхонаю меҳмонхонааш 40 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд. Зикр гардид, ки аз ҷониби ин бонк дар шаҳри Исфара бо дарназардошти ду маркази хизматрасонӣ дар деҳоти «Чоркўҳ»-у «Ворух» 64 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре таъкид гардид, беш аз 50 фоизи ҳамаи кормандони ин бонкро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ доданд, ки сандуқи қарзии филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Исфара аз 16 миллион сомонӣ иборат аст.

ТЎЙИ ХАЙРИЯИ ДАСТАҶАМЪОНАИ 100 КЎДАК ВА 15 ҶУФТИ ҶАВОН ДАР ГУЛГАШТИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ИСФАРА

Дар гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тўйи хайрияи 100 писарча  ва 15 ҷуфти ҷавони навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ба роҳ монда шуд.

Чунонки аён гардид, гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо пайкараи боҳашамати  Асосгузори нахустин давлати бузурги тоҷикон – Сомониён ба як макони зебою дилнишини сайру тамошои сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ табдил ёфтааст. Дар ин макони зебо ва хусусан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани тўй дар хотири ин кўдакону навхонадорон ва наздикону пайвандонашон нақш баста, боиси ифтихору сарфарозиашон хоҳад шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кўдак яктоӣ телевизору дучарха ва ба ҳар ҷуфти ҷавон яхдону телевизор ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ба ҳамаи онҳо, ҳамчунин кўмаки яквақтаи молиявӣ расонда шуд.

ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ИСФАРА БО 20 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ БАРОИ ТАМОШОБИНОН

Дар маркази шаҳри Исфара 12 октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ин шаҳри бостонӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре аён гардид, ин варзишгоҳи дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст бо зебоии худ дар кулли Тоҷикистон назир надорад.

Ба иттилои масъулин, ин иншооти муҳташами варзишӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ барои тарғиби васеи тарзи ҳаёти солим дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба тарбияи ҷисмонию  варзиш ва фатҳи қуллаҳои баланд дар олами варзишии минтақа ва ҷаҳон бунёд ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи боҳашамат суханронӣ намуда, мардуми шаҳри Исфараро бо ифтитоҳи ин иншооти бузурги варзишӣ, ду варзишгоҳи дигар дар  деҳоти «Чоркўҳ»-у «Сурх» ва бо ободонии бесобиқаи ин диёри дурдасти Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба пайравӣ ба корҳои бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «имрўз дар таърихи шаҳри Исфара бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд».

www.president.tj