24 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаҳои навбатии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Минск — пойтахти Ҷумҳурии Беларус шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Минск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Минск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот доир намуд.
Бегоҳии он рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё иштирок кард.
Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 октябр баргузор шуд.
www.president.tj