Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№127 (3112) 10.10.2013

Ҳаштуми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносойии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

1274696_541239249279599_967371068_o

Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як неругоҳи хурди барқи обии дорои иқтидори 900 киловатт/соат, ки бо харҷи 7 миллиону 126 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, бо фаъол шудани ин неругоҳ мушкили норасойии неруи барқ дар маркази ноҳияи Ванҷ дар фасли зимистон пурра бартараф мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз як моҳи дигар боз як неругоҳи дигар бо иқтидори 300 киловатт/соат ба кор дароварда мешавад.

То ин вақт дар ноҳияи Ванҷ ҳамагӣ 1000 киловатт/соат неруи барқ истеҳсол мешуд. Бо фаъол гардидани ин ду неругоҳи нав ин иқтидор ба 2200 киловатт/соат  расида, тавлиди неруи барқ дар ноҳия беш аз ду баробар афзун мегардад. Аз ин пас норасойии неруи барқ дар фасли зимистон танҳо дар чанд деҳаи дурдасти Ванҷи боло қисман боқӣ мемонад, ки ин ҳам ояндаи наздик бартараф мегардад.

 

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ВАНҶ

Ҳамчунин рӯзи ҳаштуми октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст.

1275994_541247359278788_1697052799_o (1)

 

Тавре иттилоъ доданд, ин толор дар муддати 3 моҳ бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Шарипов сохта шудааст.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тоҷикистон то имрӯз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ноҳияи Ванҷ, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш, хусусан дар намудҳои гуногуни гӯштӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дастовардҳои намоён доранд, суҳбат намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ва кулли ҷавонону наврасонро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд.

 

ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ВАНҶ

Ҳаштуми октябри соли 2013 дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Ванҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии ин ноҳия мулоқот намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияро дар солҳои гузашта, хусусан дар нуҳ моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои рушди ояндаи он дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама санги мармар ва ҳам коркарди саноатии меваҷоти шаҳдбори Ванҷи ганҷрез тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин зимни маҳфили пурсишу посух, аз ҷумла барои иҷрои талабу дархостҳои мардум дода шуд. Тибқи яке аз дастурҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Калон Дамдоров ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ, асосан барои дӯхти либосҳои мактабӣ, то Наврӯзи соли 2014 бунёд карда мешавад. Дастур дода шуд, ки барои соҳибкорзани маҳаллӣ Ҷамила Усмонова, ки то имрӯз корҳои намоён анҷом додааст, бо ҷудо намудани маблағҳои ҷумҳуриявии грантӣ як коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ барои духтарон аз оилаҳои ниёзманд сохта, туҳфа карда шавад.

КӮМАК БА ЯТИМОНИ БЕПАДАРУ МОДАРИ НОҲИЯҲОИ ВАНҶУ ДАРВОЗ

Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 21 нафар наврасону ҷавонони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ расонд.

Ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо зиёда аз якуним ҳазор сомонӣ пасандоз, маҷмуи пурраи сару либоси зимистона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ин наврасону ҷавонон, ки воқеан ба кӯмаку дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз ин таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хушҳол гардида, ба ӯ арзи сипос карданд.

 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАФТИ СОХТМОНИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГҲОИ ОРОИШИИ СОХТМОНӢ ШИНОС ШУД

Дар мавзеи Даштаки ноҳияи Дарвоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишии  сохтмонӣ бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ноҳияи Дарвоз дорои конҳои зиёд ва захираи фаровони мармар ва дигар сангҳои ороишии сохтмонӣ ва бунёди ин корхона яке аз қадамҳои нахустин барои ба роҳ мондани коркарди онҳо бо технологияи пешрафтаи муосир мебошад. Коркарди сангҳои ороишӣ дар ин корхона бо технологияи навтарини италиявӣ ва олмонӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин корхона мармари сафед, мармари сурх ва дигар сангҳои ороишӣ коркард шуда, беш аз 15 намуд маҳсулот тавлид меёбад.

Бунёди ин корхона моҳи июли соли равон оғоз ёфта, дар сохтмони он то имрӯз беш аз 12 миллион сомонӣ масраф ва то 160 нафар бинокорон  ба кор ҷалб шудаанд. Тибқи нақша, навбати аввали он бо 150 ҷойи корӣ ва иқтидори коркарди 700 метри мураббаъ санг дар як шабонарӯз то Наврӯзи соли 2014 бояд ба кор дарояд. Оянда иқтидори корхона афзун гардида, шумораи коргарон то 250 нафар расонда хоҳад шуд.

 

ШИНОСОЙӢ БО БОЗМОНДАҲОИ ШАҲРАКИ БОСТОНИИ КАРОН ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Нимаи дуюми рӯзи ҳаштуми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, нахуст бо бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин шаҳр тақрибан чор ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ,  лавҳи китоби «Авасто», майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.

Тибқи пешгӯйии олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 гектар доман паҳн намуда будааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шоири шаҳири тоҷик Муъмин Қаноат рамзи таърихии шаҳри Карон, ки нишонаи бостонӣ будани оини шаҳрсозӣ ва давлатдории миллати тоҷик аст, тақдим гардид. Ҳамчунин аз ҷониби олими шинохтаи тоҷик Нодир Одилов дастхати панҷсадсолаи Қуръони Карим ва аз ҷониби собиқадори кор Одил Бердиев ҷома ҳадя карда шуд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нусхаҳои нодири китобҳои пурарзиши таърихию фарҳангӣ дар маърази тамошо буданд, ки қисме аз онҳо бо оби тилло навишта шудаанд.

 

ИФТИТОҲИ БИНОИ ЧОРОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ

Ҳаштуми октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои чорошёна мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир шудааст, ки дар он ҳашт нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Се ошёнаи дигари бино дорои 28 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ  мебошанд, ки барои фурӯш бунёд ёфтаанд. Тавре иттилоъ доданд, нархи як метри мураббаи ин хонаҳо 550 доллари амрикоӣ аст. Ҳашт хона ба ҳашт оилае, ки ин бино дар ҷойи хонаҳои онҳо бунёд ёфтааст, дода шуд. Калиди хонаҳо ба онҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Аҳли ин хонаводаҳо аз хонаҳои нави худ басо хушҳоланд, зеро ба гуфти худи онҳо, ин хонаҳо аз манзилҳои пешинаи аз сангу лой бунёдёфтаашон хеле беҳ аст.

www.president.tj