Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

№109 (3094) 31.08.2013

IMG_8653

29 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи корхонаи азими семент, ки аз ҷониби Ширкати ватании «Ғаюр» ва Ширкати «Хуаксин семент»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст ва ҳамчунин шиносойӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард.

 Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ёвон бо иштирок дар маросими тӯйи дастаҷамъонаи арӯсии даҳ ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 150 нафар фарзандони хурдсол аз оилаҳои ниёзманд, ки ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, оғоз ёфт.

Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар ҷуфти ҷавон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили яхдон, телевизор, чангкаш ва дигар асбоби рӯзгордорӣ ва ба писарчаҳои хурдсол либосворӣ, дучарха ва дигар бозичаю шириниҳо тақдим карда шуд. Ғайр аз ин, ба номи даҳ нафар кӯдакон, ки аз падару модар ятим мондаанд, суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, барои ҳар яке ба маблағи 3000 сомонӣ амонат гузошта шудааст.

Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҷмааи варзишии «Форам», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.

IMG_8687

Тавре аён гардид, ин маҷмаа аз ду ошёна бо толори бузург иборат буда, дар ошёнаи якумаш ҳавзи шиноварӣ бо дарозию паҳноии 22 ба 10 метр ҷойгир шудааст.

Ин маҷмаа бо харҷи як миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ошёнаи дуюми бино, ки ҳоло то охир омода нест, толори бузурги фитнес ва ё обутоби бадан ҷойгир шудааст. Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои дигар толору утоқҳои зарурӣ мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯйи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз ноҳияи Ёвон Нусратшо Имомов, ки дар Универсиадаи ҷаҳонии шаҳри Қазон аз рӯйи намуди самбо ҷойи сеюм гирифта буд, мошини сабукрав тақдим карда шуд.

***

29 августи соли 2013 дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол як миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин корхонаи азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, бунёди ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони чинии онҳо аз Ширкати дар ҷаҳон маъруфи «Хуаксин семент» расо як сол пеш оғоз ёфта буд. Дар зарфи як сол дар ин ҷо корхонаи бузургтарини сементбарории Тоҷикистон ва аз ҷиҳати технологӣ навтарин дар Осиёи Марказӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба кори ин соҳибкорони ташаббускор ва баору номус баҳои баланд дод ва арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1800 то 7 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд, ки беш аз 800 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми як соли оянда шумораи коргарону мутахассисони ватанӣ дар ин корхона беш аз 90 фоизро ташкил диҳад. То ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона аз 630 то 650 нафар бинокорон ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки беш аз нисфи онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ин корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологияи ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, бо вуҷуди истифода аз ангишт ба ҳайси сӯзишворӣ, аз худ на чанг мебарорад ва на дуд. Умуман дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, ҳатто хокистари ангишт ба ҳайси яке аз ашёи таркибии семент истифода мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти Ширкати чинии «Хуаксин семент» ин ширкат беш аз 100 корхонаи бузурги семент дошта, ҳамасола беш аз 70 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад. Тавре таъкид гардид, дар миёни ҳамаи ин корхонаҳо дорои навтарин технология ҳамин корхонаи дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ифтитоҳёфта мебошад.

Барои кор бо чунин дастгоҳҳои технологияи навтарини ҷаҳонӣ дар зарфи панҷ сол беш аз 300 нафар мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар курсҳои шашмоҳаи омӯзишӣ ва такмили ихтисос таълим дода мешаванд. Дар даври аввал аллакай 81 нафари онҳо таҳсил намуда, бо донишу малакаи баланди касбӣ имрӯз дар ин корхона фаъолият доранд.

Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда навъи 500 буда, ба меъёрҳои баландтарини стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй аст. Мутобиқати семент ба чунин стандартҳо дар озмоишгоҳҳои корхона, ки бо навтарин дастгоҳҳои ташхисӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, санҷида ва сертификати сифат дода мешавад. Ба навъи 500 мутобиқ будани сементи корхона дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ амалан санҷида шуд.

Ба иттилои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна семент аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Таъкид гардид, ки «акнун имкон фароҳам омад, ки Тоҷикистон аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи он ба хориҷи кишвар табдил ёбад, зеро минбаъд дар ҷумҳурӣ беш аз талаботи дохилӣ ин маҳсулот истеҳсол хоҳад шуд».

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо аҳли заҳмати он ва роҳбарияту фаъолони ноҳияи Ёвон мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар назди масъулин доир ба беҳ намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

IMG_9409

Ташриф ба хонаи деҳқони оддӣ дар ноҳияи Ёвон

Дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Кароматулло Раҳматуллоев ташриф оварда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.

Тавре аён гардид, ин марди деҳқон роҳбари хоҷагии деҳқонии «Алишер» аст, ки 4,7 гектар замин дар ихтиёр дорад. 3,2 гектари он замини лалмӣ ва якуним гектараш обӣ мебошад. Дар хоҷагӣ панҷ бародару панҷ хоҳар аз як хонавода, ки ҳама оила барпо кардаанд, бо фарзандону пайвандонашон кор мекунанд. Онҳо, асосан, ба кишти ғалладонаю полезӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ машғул буда, аз он ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд ва ҳеҷ яке ба муҳоҷирати корӣ намеравад. Анвои гуногуни маҳсулоти ин хоҷагии деҳқонӣ дар ҳавлиашон ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз гандум, наск, нахӯд, лӯбиё, пиёз, картошка, сабзӣ, сирпиёз, қаламфур, бойимҷон, помидору бодиринг, ҷуворимакка, офтобпараст, ангур, себу нок, олу ва консерваҳои хонагии меваю сабзавот иборат буд.

Миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ин деҳқони асил сари дастурхон суҳбати гуворо сурат гирифт.

www.prezident.tj