Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№131 (3277) 08.11.2014

Шашуми ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Халқии Хитой  сафар кард.

 Дар КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Рустам Раҳматзода, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

***

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин мулоқот намуд.

15545644400_10f3f86d3e_o

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Хитой баррасӣ гардида, аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои босуръат рушдёбандаи ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноат карда шуд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин аз сатҳи хеле баланд ва пазироии гарми роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон, ки зимни сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон ва ҳамоиши душанбегии Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли равон зоҳир карда шуда буд, изҳори қадрдонӣ намуд.

Тавре зикр гардид, дар ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 40 фоиз зиёд аст. Изҳори бовар карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод аз 3 миллиард доллари амрикоӣ мегузарад.

Гуфтугӯйи судманд доир ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои зиёди миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Хитой барои то соли 2020, сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин изҳор дошт, ки се ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳосозии кишвари худ аз бунбасти коммуникатсионӣ «се ҳадафи стратегии ҳамшарикии Тоҷикистону Хитой аст». Ба суръатбахшии татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми иҷтисодӣ доир ба кашидани қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Хитой, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, навбати дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма-Хитой ва корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бунёди корхонаҳои муштараки кӯҳкорӣ, металлургӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди инҳо аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии ду кишвари ҳамсоя номида шуд.

Ҳамчунин ба дурнамои бунёди роҳи оҳани Хитой-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон-халиҷи Форс низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамгироии амниятии ду кишвар доир ба таҳким ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Хитой, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, табодули назар карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Сзинпин чор созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишномаи қолабӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридот «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой барои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа;

- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридот «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии  «Душанбе-2» ва ба 400 мегаватт расонидани иқтидори умумии он;

- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридот «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли креолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар доираи навсозии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва анҷом додани мулоқотҳои зиёди дуҷониба дар шаҳри Пекин — пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой қарор дорад.

Субҳи рӯзи 7 ноябри соли ҷорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки содироту воридот «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Жуогу мулоқоти судбахш анҷом дод.

Тавре зикр гардид, бо қарзҳои имтиёзноки ин бонки бонуфузи Хитой дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Имрӯз ба имзо расидани як зумра созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридот «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар назар аст.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Муколамаи шарикони Форуми ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Пекин рӯзи 8-уми ноябр баргузор мегардад.

***

Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 ноябр Волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Сиэ Фучжанро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Хитой баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ширкатҳои ин музофот бо Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ ва тасмим доранд, ки оянда барои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ корҳои назаррас анҷом диҳанд.

Пас аз мулоқот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар аст, мусоидати фаъол мекунад.

***

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ширкати роҳу пулсозии Хитой Лу Шан доир ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва ояндаи дуҷониба гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаи бузурги роҳсозӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон татбиқ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипоси мардуми кишварро ба роҳбарияти ин ширкат расонида, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳам онҳо дар сохтмону навсозии роҳу пулҳои дигари Тоҷикистон ва ҳам дар омодасозии мутахассисони варзидаи тоҷик дар ин соҳа саҳми намоён хоҳанд дошт.

Ба масоили вобаста ба омодасозии босифати лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи шоҳроҳи Душанбе-Кулма-Хитой таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Чунончӣ, иттилоъ доданд, ки то аввалҳои соли 2015 лоиҳа омодаю тасдиқ гардида, татбиқи амалии он тобистони ҳамон сол бояд оғоз ёбад.

***

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Бонки аграрии Хитой Лю Шиюй масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, дар навбати аввал барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби ин бонк 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки бонуфузи Хитой мутақобилан судбахш гардида, ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат мекунад.

***

Зимни мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Хитой Чжан Зунян масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Доир ба тезонидан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин роҳи оҳан бо нақбҳо ва пулҳояш бояд то соли 2016 анҷом дода шавад. Дарозии ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 километр буда, иборат аз се нақб бо дарозии умумии 3755 метр ва панҷ пул бо дарозии умумии 712 метр мебошад.

Ҷойи зикр аст, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисону коргарони тоҷик иҷро карда мешавад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш сурат гирифт.

***

Дар вохӯрӣ бо Раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Хитой (CNMM) Луо Тао масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони «Покрӯд»-и Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Хитой ва беш аз даҳ кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металлҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.

Барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони «Покрӯд»-и Тоҷикистон ин ширкат тасмим дорад, ки беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад. Тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз ин кон бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ин ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.

Роҳбарияти ширкат тасмим дорад, ки ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористонҳо, иштирок намояд.

www.president.tj