Бисту шашуми июни соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст ба Ҷамоати деҳоти «Лолазор» ташриф оварда, бо кори намунавии хоҷагиҳои деҳқонии «Сомонҷон», «Имоми Аъзам», «Мирзои Мардон» ва «Муҳсинҷон» бевосита шинос шуд.
Тавре зикр намуданд, хоҷагии деҳқонии «Сомонҷон» дорои 300 гектар замини корами обӣ буда, аҳли заҳмати он ба боғу токпарварӣ, ғаллакорӣ, парвариши сабзавоту полезӣ ва ҷамъоварии хӯроки чорво машғуланд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал аз ҳосили фаровони пиёзи барвақтӣ, ки дар майдони чор гектар кошта шудааст, дидан карда, аз он изҳори хушӣ кард, зеро аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна то 750 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карданианд.
Дар 200 гектар заминҳои ин хоҷагӣ ангур шинонда шуда, ҳосили навъҳои пешпази он аллакай ба бозор ворид шудааст.
Аз намоишгоҳи маҳсулоти ин хоҷагӣ маълум шуд, ки дар заминҳои он ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезиҳо низ рӯёнида мешавад.
Дар хоҷагии деҳқонии «Имоми Аъзам» бошад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама зиёд боғи навъҳои пешпази себ, ки дар майдони чор гектар парвариш меёбад, писанд омад. Ин хоҷагӣ дорои 70 гектар замин буда, дар 50 гектари он боғу токзор бунёд ёфтааст. Аз боғҳои он ҳосили гелос, олую зардолу ва дигар меваҳои пешпаз вориди бозор шудааст. Қисмати зиёди он ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Тавре иттилоъ доданд, аҳли 60 хонавода ризқи худро аз заминҳои ҳамин хоҷагӣ ҳосил мекунанд.
Хоҷагии деҳқонии «Мирзои Мардон» дорои 21 гектар замин буда, дар зиёда аз як гектари он картошкаи барвақтӣ кошта шудааст. Аз нашъунамои ниҳолҳо маълум аст, ки аз як гектари он қариб 400 сентнер картошка рӯёнида мешавад.
Хоҷагии деҳқонии «Муҳсинҷон» ҳам, ки 203 гектар замин дар ихтиёр дорад, фаъолияти ибратбахшро ба роҳ мондааст. Аҳли заҳмати он дар 104 гектар ғалладона кишт намуда, аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна наздики 50 сентнерӣ ҳосил рӯёниданианд.
Дар 80 гектар пахтаи навъи «Ирам» кишт намудаанд, ки ниҳолҳояш нашъунамои хуб дорад. Дар 13 гектар полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ва дар боқӣ заминҳо сабзавоткорӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босамари аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки таҷрибаи пешқадами онҳо мавриди омӯзиш ва тарғиб барои дигар кишоварзон қарор дода шавад.
www.president.tj