Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

IMG_0700

20 июли соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои ин водии зарнисор аз шиносойӣ бо фаъолияти ибратбахши деҳқонони хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор оғоз ёфт.

Дар ин ҷо асосан ба ҳосили фаровони ҷуворимакка барои дон, ки аз тухмии нави навъи  пионер 31N27 гибрид F1 ба даст омадааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагӣ аз ин навъи тухмӣ беш аз 120 сентнерӣ дони ҷуворимакка аз ҳар гектараш рӯёнданианд. Ба гуфти мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани коркарди пурраи агротехникӣ аз ин навъи тухмӣ то 140 сентнерӣ дон аз ҳар гектар ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии кишвар дастур дод, ки истифодаи чунин тухмиҳои серҳосил ва умуман таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони асил дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.

Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагӣ асосан бо сабзавоткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво машғул буда, дар парвариши дигар зироатҳо низ таҷрибаи ибратбахш касб намудаанд. Масалан, аз ҳар гектар картошкаи барвақтӣ то 340 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки барои ин мавсим ва ин минтақа нишондоди рекордӣ  аст.

Кишти такрорӣ низ дар ин хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. То имрӯз дар майдони 34 гектар кишти дубораи зироатҳои ба ин мавсим мувофиқ ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфти роҳбарияти ноҳия, нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ имсол дар тамоми ноҳия баланду умедбахшанд. Масалан, дар хоҷагии Баракати чорводори ноҳия аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 800 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки ин ҳам дастоварди хеле баланд аст.

 

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар маркази ноҳияи Шаҳринав

IMG_1174

Дар маркази ноҳияи Шаҳринав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як толори наву муосири варзиширо ифтитоҳ намуд.

Чунонки зикр гардид, ин толор, ки масоҳати умумиаш 1200 метри мураббаъ мебошад, бо харҷи қариб 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ бунёд ёфта, барои 22 намуди варзиш пешбинӣ шудааст.

Толор ҳамчунин дорои 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Тавре иттилоъ доданд, ин  панҷумин чунин толори зебою муҷаҳҳази варзишӣ дар ноҳияи Шаҳринав аст. Чор толори дигар дар ин ноҳия пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд ёфтааст.

Натиҷаи муҳайёшавии шароити мусоид аст, ки сол то сол дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бештару беҳтар мегарданд. Онҳо дар соли 2012-ум 54 медал, аз ҷумла нуҳ медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардаанд. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ба 45 медал сазовор дониста шудаанд. Дастовардҳои варзишгарони ин ноҳия бештар дар риштаи таэквондо ИТФ назаррас аст. Ҳоло ду нафар таэквандочиёни ин ноҳия барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Булғористон қарор доранд.

 

Ифтитоҳи нахустин корхонаи муосири коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав

IMG_1276

Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Капитал» ба кор дароварда шуд, ки бо коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он машғул хоҳад буд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона бо дастрас намудани навтарин намунаҳои технологияи классикии коркарди нафт аз Федератсияи Россия якҷоя бо соҳибкорони хусусии ин кишвар аз шаҳри Томск бо харҷи беш аз 70 миллион сомонӣ дар 10 га замини санглохи бекорхобида бунёд ёфтааст.

Бо иқтидори кунунияш корхона имкон дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, аз он ду намуд сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазути аълосифат истеҳсол кунад.

Чунонки иттилоъ доданд, ояндаи наздик иқтидори корхона ба 300 ҳазор тонна дар як сол ва шумораи коргарон ба 300 нафар расонда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин кор то охири соли 2014 анҷом дода шавад.

Масоҳати замини барои ин корхона ҷудогардида ва лоиҳаи сохтмону таҷҳизи он имкон медиҳад, ки оянда иқтидори ин корхона ба коркарди то 500 ҳазор тонна нафт ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни тайёр зиёд карда шавад. Номгуйи маҳсулоти тайёри нафтӣ низ ояндаи наздик афзун гардида, аз ҷумла истеҳсоли навъҳои беҳтарини бензин ба роҳ монда мешавад.

Ҳоло дар ин ҷо 110 нафар мутахассисону коргарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд, ки аксари куллашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва асосан аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Тавре зикр гардид, барои омодасозии мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона омӯзгорони баландпояи касбӣ ба ин ҷо аз хориҷи кишвар даъват карда шудаанд. Имрӯз, аксари ин мутахассисон пас аз хатми курси семоҳаи таълимӣ барои кор дар чунин корхона, ки дар Тоҷикистон нахустин аст, аллакай варзидаю корозмуда шудаанд.

Чунонки аён гардид, идораи кори корхона бо дастгоҳҳои муосири компютерӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии ҳамин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту коргарони корхона ва ҳам фаъолони ноҳияи Шаҳринав мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили истеҳсолию иқтисодӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла доир ба оини рӯзадорӣ, ифтороройӣ ва пешвози иди шарифи Рамазон изҳори андеша кард. Зимни баррасии ин масоил аз исрофкориҳои аз ҳад зиёди мардум, ки барои ифторҳо ва рӯзи иди фитр, бесарусомониҳое, ки дар арафаи ид дар бозорҳо ба назар мерасад  ва ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза аз ҷониби савдогарон шадидан изҳори нигаронӣ карда шуд.

 

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати коркарди ноҳияи Шаҳринав

Дар оғози ҳудуди маъмурии ноҳияи Шаҳринав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди ин ноҳия дидан кард.

Тавре аён гардид, дар ин ҷо намунаҳо аз 35 номгуй маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҳоло дар майдонҳои кишти ин ноҳия ба назар мерасад, ҳамчунин чорвои хурду калони ҷамъиятӣ ба намоиш бароварда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хос ба намудҳои хушзоту сермаҳсули чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти сиёҳало, гӯсфанди ҳисорӣ ва аспи зоти тозаи тоҷикӣ дастур дод, ки саршумори чунин чорворо зиёд карда, дар тамоми қаламрави кишвар паҳн намоянд.

Чунонки иттилоъ доданд, имсол аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳринав дар 8091 гектар ғалладона ва дар 1153 гектар сабзавот кишт намуда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ кардаанд. Ба ташкили кишти такрорӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад, зеро фоидаоварии онро мардум аллакай хуб эҳсос намудааст. То имрӯз дар майдони 1137 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки баробар ба 97 фоизи нақшаи дурнамо аст.

Аз ин ноҳия то имрӯз 3500 тонна сабзавот ва 510 тонна меваҷот ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.

 www.president.tj