Бисту ҳафтуми октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.
Фархор
Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Фархор оғоз ёфт. Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст биноҳои нави Кумитаи иҷроияи маҳаллии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Тавре аён гардид, ин бино дуошёна буда, дорои ҳамаи шароити зарурии корӣ мебошад.
Дар саҳни ҳавлии бино Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор аъзои нави Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои узвият ба ин ҳизбро тақдим намуд.
Сипас дар маркази ноҳияи Фархор китобхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ ёфт. Зимни шиносойӣ бо бинои китобхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои 15 утоқи корӣ, хазинаи бузурги китоб, толори калони китобхонӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Ҳоло китобхона дорои 122 ҳазор номгӯй китоб аст, ки қариб 600 номгӯяш адабиёти тозанашр аст. Китобхона ҳамчунин дорои толори калони электронӣ бо 30 адад компютери ба интернет пайваст мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин толор курсҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад, то ки наврасону ҷавонон ҳамқадам бо рушди босуръати илму технологияҳои муосир таълиму тарбият гиранд.
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аз мактаби рақами 10 Абдулҳамид Маҷидов, ки китобхонаи шахсии дорои 7 ҳазор нусха китоб дорад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якчанд нусха китоби нодири таърихиро ҳадя намуд.
Зимни ифтитоҳи осорхонаи нави ноҳиявӣ, ки дар як гӯшаи боғи фарҳангию фароғатӣ қарор дорад, иттилоъ дода шуд, ки ин бинои зебои дуошёна бо харҷи ду миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.
Осорхона дорои ду толори бузург ва утоқҳои гуногун буда, ҳоло дар онҳо беш аз 200 нигораю дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби ширкати «СУР САФ» анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.
Бостоншиносони ҷумҳурӣ бо шодмонӣ иттилоъ доданд, ки дар арафаи ин сафар дар ҳудуди ноҳияи Фархор бозмондаҳои як шаҳри бостонӣ пайдо гардидааст. Ҳафтоду ду ёдгорие, ки дар он ҷой то имрӯз ошкор гардидааст, ба осори аввалҳои ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне, ин шаҳр, ки ба тахмини бостоншиносон ҳамон Фархори овозадори бостонӣ аст, беш аз 4 ҳазор сол таърих дорад.
Бисту ҳафтуми октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи хайрияи арӯсию домодӣ ва хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуд.
Тавре зикр гардид, бо саҳмгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона тӯйи хайрияи арӯсию домодии 15 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд ба роҳ монда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти ҷавон ва кӯдаки хатнашаванда кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо 38 нафар кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи ноҳия суҳбат намуда, ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ расонд. Таъкид гардид, ки ин кӯдакону наврасон то синни балоғат расидану ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан бояд пайваста аз ғамхорию дастгирии мақомоти масъули давлатӣ бархӯрдор бошанд.
Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон навсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, дар муддати як соли оянда бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ғуломалӣ Бояков, Бекмурод Шарипов, Акбаршо Неъматов ва Диловар Муҳиддинов 23 км роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ мешаванд.
Даҳ километри роҳ аз ҷониби танҳо Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Россия мебошад, навсозӣ хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки навсозии роҳҳои маҳаллӣ бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.
Дар маркази ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, бинои нави мақомоти маҳаллии ин сохтори давлатӣ дорои шароити хуби корӣ буда, ба тамоми талаботи кор дар ин соҳаи басо муҳим мувофиқ аст.
Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони як зумра иншооти нави замонавӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо садҳо нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.
Дар маркази ноҳия санги асоси як мактаби нави замонавӣ гузошта шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов сохта хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи соҳибкор, бинои ин мактаб бо ду ошёна барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки бино сеошёна ва хеле аз нақшаи кунунӣ фарохтар шавад ва 1200 нафар хонандаро дар як баст фаро бигирад. Барои ин ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки масоҳати замини барои сохтмони мактаб пешбинишуда зиёд карда шавад.
Тибқи маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаб бояд толори барҳавои варзишӣ, толори маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой низ дошта бошад, то ки ба талаботи замон мутобиқ шавад.
Дар маркази ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави филиали «Тоҷпромбонк» низ оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, ин бино ҳамчунин дорои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб хоҳад буд.
Дар маркази ноҳияи Фархор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи бошукуҳи навро мавриди баҳрабардории мардум қарор дод.
Дар деҳоти «Ғайрат»-и ноҳияи Фархор сохтмони як корхонаи ресандагӣ оғоз ёфт, ки бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз ҷониби ширкати ватании «Адолат» дар зарфи як сол анҷом хоҳад ёфт.
Корхона дорои иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тавре иттилоъ доданд, як сол пеш дар паҳлӯи ин мавзеъ корхонаи пахтатозакунӣ сохта, ба кор дароварда шуда будааст, ки дар он 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин корхона тӯли як шабонарӯз 300 тонна пахта коркард мешавад.
Роҳбари ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров ва раиси ширкати «Адолат» Акбаршо Неъматов дар посух ба маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки оянда дар ҳамин ҷо корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ низ бунёд намуда, коркарди пурраи нахи пахтаро ба роҳ мемонанд.
Ҳардуи онҳо ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар маркази ноҳияи Фархор ду бинои ҳафтошёнаи истиқоматии дорои 60 хона бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар зарфи як сол сохта, ба хоҳишмандон пешкаш менамоянд.
Дар деҳаи Тоҷикистони деҳоти «Ғайрат»-и ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносойӣ бо шароити мактаби навбунёд, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бинои сеошёна аз ҷониби Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Россия мебошад, бо харҷи 7 миллиону 245 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 420 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағҳо қариб 750 ҳазор сомонӣ ба хариди таҷҳизот ва ашёи таълимӣ сарф гардида, синфхонаҳои фаннии мактаб мувофиқ ба талаби замон муҷаҳҳаз шудаанд.
Тавре иттилоъ доданд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз солҳои 80 -уми асри гузашта оғоз шуда, танҳо ошёнаи аввал ва қисмате аз ошёнаи дуюми он бунёд ёфта будааст. Бо сабабҳои маълум аввали солҳои 90 -ум сохтмон қатъ гардида буд.
Аз ин хотир, ин соҳибкори маҳаллӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, сохтмони ин иншооти таълимиро ба итмом расонидааст.
Тавре аён гардид, мактаб дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифати хонандагон аст.
Дар ҳудуди ҳамин деҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як маҷмааи тиббӣ, ки аз беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ иборат хоҳад буд, гузошта шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки ин иншоот низ аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватандӯст- Диловар Муҳиддинов сохта ва бо таҷҳизоти тиббии аврупоӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.
Дар ин иншоот беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебою муҳташам аст.
Чунонки иттилоъ доданд, ин варзишгоҳ бо сарфи 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Анбуҳи бешумори мардуми Фархор, бахусус ҷавонону наврасони дӯстдори варзиш ва тарзи ҳаёти солим, ки дар ин иншооти боҳашамати варзишӣ ҳузур доштанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи зебо суханронӣ намуда, аз авҷи баланди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Фархор изҳори хушнудӣ кард. Хусусан ба соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ, ки дар бунёди иншооти зиёди иқтисодию тиҷоратӣ, коммуникатсионӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми намоён доранд, арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Дар майдони фарохи варзишгоҳ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Ин чорабинии дилнишин ҳам аз оғози фаъолияти ин иншооти бузурги навбунёд башорат медиҳад.
Восеъ
Субҳи рӯзи 28 октябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт.
Дар ноҳияи Восеъ нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусии коркарди намак бо номи «Хоҷа Муъмин» ифтитоҳ ёфт. Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмуд Ҳусейнов бунёд ёфтааст. Дар ин корхона, ки дар як шабонарӯз метавонад то 120 тонна намакро коркард намояд, 50 нафар бо кори доимӣ ва то 30 нафари дигар бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Ба иттилои роҳбарияти корхона дар ин ҷо соҳибкорони дигар низ метавонанд барои коркард намак биёранд, зеро худи онҳо ҳоло иқтидори истеҳсолиро пурра мавриди истифода қарор надодаанд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки коркард, шустану поксозии намак ва ҳамчунин бастубанди он бо технологияи муосири стандарти ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ барои содирот ба бозорҳои хориҷи кишвар ҳам нигаронда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба йодноккунии намак, ки барои нигоҳ доштани сиҳатии мардум басо муҳим аст, сифати сатҳи ҷаҳонии маҳсулот ва ба содирот нигаронидани он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки бояд иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ афзун карда шавад.
Дар маркази ноҳияи Восеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи тӯйи арӯсии 20 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 120 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд, ки дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст, иштирок намуда, ба ҳар яки онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кӯдакону наврасони аз падар ва ҳам модар ятиммондаи ноҳияи Восеъ, ки шумораашон 86 нафар аст, кӯмаки яквақтаи моддӣ расонда, туҳфаҳои хотиравӣ дод.
www.president.tj